Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба интернетрасонҳои кишвар рӯзи 22 декабр бо ирсоли номае амр дод, ки дастрасӣ ба 131 сомонаро масдуд кунанд.
Дар номаи Хадамоти алоқа рӯйхати 131 сомонаи хориҷиву дохилии Тоҷикистон дарҷ шуда буд, ки сар аз рӯзи 24-уми декабр дастрасӣ ба онҳо бояд маҳдуд гардад. Дар рӯйхати пешниҳодкардаи Хадамот 80 дарсади сомонаҳо тафреҳӣ буда, аз шабакаҳои иҷтимоӣ "Мой Мир" ва "В Контакти" ба он шомиланд.
Аммо дар мактуби Хадамоти алоқа сабаби баста шудани ин сомонаҳо шарҳ дода нашуда буд.
Муштариёни ширкатҳои дастраскунандаи интернет бидуни огоҳӣ, масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои хосро нақзи ҳуқуқҳои худ гуфта, аз ин ширкатҳо масъулияти бештар талаб доранд.
Дар ҳамин ҳол ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, рӯзи 24-уми декабр, зимни як нишасти муштарак қарор карданд, бо як номаи расмӣ аз порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон талаб кунанд, ки ба дастуроти масдудияти 131 саҳифаи интернетӣ расидагӣ кунанд.
Масъулони ширкатҳои фароҳамсози интернет, созмонҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ин нишаст иштирок кардаанд, аз масъулини давлати Тоҷикистон даъват намудаанд, муносибат ба интернетро тағйир диҳанд ва ба маҳдудкуниҳои рӯзафзуни интернет дар кишвар хотима бахшанд.
Билохира, пас аз чаҳор рӯзи амри масдуд сохтани 131 сомона рӯзи 26 декабр Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастури масдудияти 131 саҳфаи интернетиро бекор кард. Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо пахши як баёния эълом дошт, ки фармони масдудияти 131 сомонаи интернетӣ бекор шудааст. Ба қавли манбаъ, ин тасмим баъд аз баҳси дусоатаи масъулони Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон оид ба масъалаи этика ё худ одоби интернет гирифта шудааст.
Дар баёнияи рӯзи 26-уми Хадамоти алоқа гуфта мешавад, давлати Тоҷикистон ва аз ҷумла Хадамоти алоқа зидди озодии баён, андеша ва мубодилаи афкор нестанд, "вале ҳама мехоҳад, ки интернет як сарчашмаи иғвогариву таҳқиру ҳақорат набошад."
Дар идомаи ин баёния Хадамоти алоқа аз ҳамаи истифодабарандагони интернет хостааст, "одоби муоширатро риоя карда, ба дигарон низ намуна бошанд."
Ин дар ҳолест, ки соли равон дастрасӣ ба "Фейсбук" ду дафъа маҳдуд шуда, ҳудуди 30 сомонаи дигар то ҳол дар Тоҷикистон дастнорасанд.
"Рӯйхати сиёҳ"-и сомонаҳо:
1. forum.bozor.org
2. muzofon.com
3. www.mp3poisk.net
4. miloman.net
5. mp3uz.mobi
6. mp3baza.org
7. my. mail.ru
8. torrentpier.kz
9. muzebra.com
10. tunefm.org
11. www.mn3keks.com
12. wikibit.net
13. muzda.ru
14. mp3-sait.info
15. smoz.ru
16. umorina.info
17. www.mp3Iazer.ru
18. www.muzyaka.ru
19. mp3mixx.ru
20. filka.info
21. muzyaka.ru
22. mp3-blog.info
23. vpleer.ru
24. stop-mp3.info
25. muzanator.com
26. myzlo.info
27. vnet.tomsk.ru
28. playboxs.ru
29. mp3prima.com
30. muztunes.net
31. www.toptj.com
32. get-tune.net
33. man2007.livejournal.com
34. m.blogs.mail.ru
35. topvideo.tj
36. www.tblisi. wyspykokosowe365.eu
37. На сайте "my.mail.ru" bahrom-gafurov95
38. На сайте "my.mail.ru" manizha.77
39. topvideo.tj
40. tajrap.ru
41. На сайте "my.mail.ru" manonova_95
42. tajrap.ru
43. movie.shingi.star-kom.pl
44. www.ytidoI.com
45. medg.info
46. football.ua
47. obrazov.info
48. www.texbud.info
49. video.systemsoftware. mobi
50. lingvoforum.net
51. activodih.info
52. medk.info
53. videosoc.ru
54. www.ec-azhar.info
55. economicu.info
56. application-software.info
57. www.applicationsoftware.info
58. svadba-x.ru
59. iphonerus.info
60. rc.clan.su
61. net-planet.org
62. www.musicvideos.com
63. foto.mail.ru
64. www.setihe.lapy.pl
65. wap64.ru
66. www.youtbe. musicvideos.com
67. www.filmy.ws.pl
68. www.atourism.com
69. vk.com
70. autobelisk.ru
71. www.blogg. musicvideos.com
72. www.animationplayhouze.com
73. www.mirdating.biz
74. www.tetuI.konin.pl
75. blogs.mail.ru
76. hip-hop-b/moy.su
77. www.wap64.ru
78. www.yahoo. musicvideos.com
79. all-kyn.ru
80. radaris.ru
81. smotri.com
82. mixingandrecordingtips.com
83. compiko.info
84. www.mebelpro-shop.ru
85. www. oahuthingstodo.org
86. somon.3tj.ru
87. adad.ru
88. oni-zaebali. livejournal.com
89. worldofbiz.ru
90. youtbe.musicvideos.com
91. emarketersclub.eu
92. kredit-s.ru
93. vako.info
94. forum.combats.com
95. www.lol-vids.com
96. w.oloo.ru
97. www.ruclip.com
98. www.tvclip.biz
99. gnti.ru
100. www.toptj.com