Ҳукумат дар соли нав ба мардум рӯшноӣ туҳфа медиҳад

Хабари хуб 29.12.2012 10:11

Hukumati tjҲукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки дар рӯзҳои таҷлили соли нави милодӣ маҳдудияти интиқоли барқ ё лимит дар кишвар аз байн бардошта шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкати "Барқи тоҷик" аз соати 06: 00 - и субҳи 31-уми декабр то соати 22 : 00 - и бегоҳи 1-уми январи соли 2013 тамоми мардуми Тоҷикистон бе маҳдудият бо барқ таъмин хоҳанд буд. Раҳбарияти ширкати "Барқи тоҷик" ба зерсохторҳояш супориш додааст, ин дастури ҳукуматро пурра иҷро кунанд.

Дар ҳамин ҳол омодагиҳо ба таҷлили соли нави милодӣ дар Тоҷикистон оғоз шуда, арчаи асосии соли навии кишвар дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохт. Дар назар аст, ки базми асосии солинавии Тоҷикистон дар атрофи ин арчаи 25-метра баргузор гардад. Баробари арчаи асосӣ, масъулини ҳукумати Душанбе мегӯянд, дар саҳни сирки давлатӣ низ барои хурдсолони кишвар арчаи солинавӣ насб хоҳад шуд. Дар аксари шаҳру навоҳии дигари кишвар низ арчаҳои солинавӣ ороиш дода шуда, ба навъе аз Соли нави милодӣ таҷлил ба амал меояд.

Аммо бо гузашти 20 сол аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ тантанаи соли навӣ ҳам шукуҳу шаҳомат ва кайфияти худро дорад аз даст медиҳад. Ва ин амр боис шудааст, ки ҳатто тарафдорони таҷлили ин сана дилсард шудаанд ва беҳтар медонанд, ки ин ид танҳо як иди хонаводагӣ боқӣ бимонад ва дар доираи ёру дӯстон таҷлил бишавад.

Аммо ба ҳар сурат ин ки ҳукумат ваъда додааст, ки дар ин рӯз мардуми Тоҷикистонро ба рӯшноӣ мушарраф мегардонад, месазад, Соли навро ид гуфт. Иди воқеӣ ва дӯстдоштанӣ.  

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97