25 декабри соли 2012 Ширкати «МегаФон» нахустин маркази хизматрасониро барои муштариёни корпоративии вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд.
Идора дар шаҳри Қурғонтеппа дар маҳаллаи нави истиқоматии хиёбони Ваҳдат фаъолияти худро оғоз намуд. Дар маросими ботантанаи кушодашавии он раиси шаҳр Ширифхон Самиев иштирок намуд.
Дар идораи нав муштариёни корпоративӣ имкон доранд, ки аз тамоми доираи хизматрасониҳои ширкат бархурдор бошанд: ба шабакаи «МегаФон» пайваст шаванд, бо мутахассис машварат намоянд, ҳамчунин таҷҳизоти мобилиро аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ ба даст оранд. Дар идораи мазкур муносибати комилан нав ҷиҳати расонидани хизмат ба муштариёни корпоративӣ амалӣ гардонида шудааст: минтақаҳои фурӯши таҷҳизот ва хизматрасонӣ аз ҳамдигар ҷудо карда шуда, машваратҳо дар ҳуҷраҳои алоҳида гузаронида мешаванд, ки ин амал дар навбати худ махфияти пурраи гуфтушунидҳоро кафолат медиҳад.
«Мо аз кушодашавии ҳар як идораи нави фурӯшҳо ва хизматрасониамон мефахрем, - мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Андрей Шишковский. – Ин аллакай сеюмин толори бузургест, ки мо барои VIP-муштариёни «МегаФон» дар ноҳияҳо ифтитоҳ менамоем. Барои мо муҳим аст, ки дар ин нуқтаҳо муштариёни мо на танҳо аз ҳамаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ истифода бурда тавонанд, балки ҳамчунин бо ёрии онҳо қобили ҳалли бизнес-масъалаҳои худ бошанд».
Дар ҳоли имрӯз дар ҳудуди минтақа наздики 500 истгоҳҳои базавии марҳилаи дуюм ва сеюми «МегаФон» фаъолият доранд, ки анқариб 400 000 муштариёнро бо алоқаи боэътимод таъмин менамоянд. Ширкат доираи васеи хизматрасониҳоро ба муштариёни корпоративӣ пешниҳод менамояд: алоқаи мобилӣ ва телефонияи бақайдгирифташуда, интернети мобилӣ ва бақайдгирифташуда, гурӯҳи VPN. Ҳамагӣ дар арсенали «МегаФон» беш аз 25 хизматгузориҳои мухталиф мавҷуданд, ки ба самъи шахсони ҳуқуқӣ расонида мешаванд.