Маскарад: Роҳрӯбҳои Маскав бо либосҳои солинавӣ кор хоҳанд кард

Хабари хуб 25.12.2012 10:05

dvornikiРӯзҳои таҷлил аз соли нави милодӣ тамоми роҳрӯбҳои Маскав либоси солинавӣ бар тан хоҳанд кард.

Сергей Капков, раиси бахши фарҳанги шаҳрдории Маскав, рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ бахшида ба омодагиҳои пойтахти Русия ба идҳои солинавӣ гуфт, ҳадаф аз либоси солинавӣ пӯшонидани раҳрӯбҳо болида кардани табъи шаҳрвандон аст.

Бино ба инттилои хабаргузории "Интерфакс" Сергей Капков гуфтааст, ки  дар ҳоле ки шаҳр беш аз даҳ рӯз фароғат дорад, бори гарон бар дӯши бахши фарҳанг ва хадамоти коммуналӣ меафтад, полису "ёрии таъҷилӣ" гирифтории бештаре дар ин рӯзҳо хоҳанд дошт. Мақомоти шаҳри Маскав талош мекунанд, ки мардум фазои идонаро бештар эҳсос кунанд ва аз он ки ба беруни шаҳр нарафтаанд, ангушти надомат нагазанд, - афзудааст ӯ.

Зимнан, бештари роҳрӯбҳои Маскав сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97