
Хонандагони мактаби куҳантарини шаҳри Душанбе дар МегаДарс аз «МегаФон» ширкат варзиданд. «Ин дарс на танҳо барои кӯдакон, балки барои мо, омӯзгорон низ хеле ҷолиб аст, - мегӯяд муаллимаи забони англисии мактаби №1 Вероника Коробкина.
– Омӯзгори замони муосир бояд на танҳо қобили додани посух ба суолҳои хонандагон аз рӯйи фанни худ бошад, балки аз рӯйи дигар мавзӯоте, ки барои кӯдакон муҳим арзёбӣ мегарданд, ҷавобҳои марбута дода тавонад. Мавзӯи этикаи мобилӣ то он дараҷае ҳам ба мо, ҳам ба хонандагон писанд омаданд, ки мо қарор додем, то омӯзиши онро дар доираи соатҳои кураторӣ давом бидиҳем».
Мактаби №1 – муассисаи куҳантарини таълимӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, ки дар соли 1932 кушода шуда буд. Дар ҳоли имрӯз дар он наздики ҳазор хонандагон таҳсил менамоянд. Дар «МегаДарс» аз «МегаФон» 450 толибилмони синфҳои аз 5-ум то 11-ум иштирок намуданд. Мутахассисони ширкат дар бобати он, ки ба кадом SMS-хабарҳо мебояд посух дод, оид ба зарурати берун овардани руқъаҳо, ки аз рақамҳои бегона ворид карда мешаванд ва доир ба он, ки чӣ тавр метавон ба хадамотҳои фаврӣ даъватҳоро анҷом дод, маълумот доданд.
То охири сол мутахассисони «МегаФон» гузаронидани даҳҳо МегаДарсҳоро ба нақша гирифтаанд, ин маънои онро дорад, ки боз ҳам зиёдтар кӯдакону наврасон муштариёни саводнок хоҳанд буд.