Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти СПАД ба Маскав рафт

Хабари хуб 21.12.2012 18:04

SPADЭмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар поёни боздидаш аз Туркия вориди Маскав шуд, то дар нишасти навбатии СПАД ширкат кунад.

Рӯзи 19 декабри соли 2012 дар Маскав -пойтахти Русия нишасти навбатии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД баргузор мешавад.

Дар он президентҳои кишварҳои узв, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Маскав нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё низ баргузор мешавад. Ба ҷуз аз Арманистон кишварҳои дигари ёдшуда узви ин созмонанд. Арманистону Украин ва Молдова дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ мақоми нозирро доранд.

Нишасти СҲИ АвруОсиё шоми рӯзи 19.12.12  баргузор мешавад ва он гуна, ки коршиносон мегӯянд, дар он аслан ислоҳот дар ин созмон, аз ҷумла ислоҳоти сохторӣ баррасӣ хоҳад шуд. Барои баррасии масъалаҳои ҳуқуқии вобаста ба сохтор ва амсоли он, дар ин ҷаласа мумкин аст, вазирони адлияи кишварҳои узв низ ҳузур ёбанд.

Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Русия гуфтааст, дар нишасти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД, ки дар он вазирони дифои кишварҳои узв низ ширкат хоҳанд дошт, доираи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи байналмиллӣ ва такмили низоми амнияти дастаҷамъии кишварҳои узв, аз ҷумла муқобила бо таҳдидҳои нав, густариши ҳамкориҳои низомии ин кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар ин иҷлос ҳамчунин узвияти Узбакистон дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ мешавад. Моҳи июни соли ҷорӣ Узбакистон ба нишонаи эътироз аз ин созмон хориҷ шуд ва гуфт, ки дар ин созмон кишварҳои узв мустақил набуда ва аз имтиёзҳои баробар бархӯрдор нестанд. Узбакистон бар ин ақида аст, ки ин созмон бештар зери нуфузи Русия қарор гирифтааст.

Дар остонаи ин нишасти Маскав Сергей Лаваров-вазири корҳои хориҷии Русия 17-уми декабр аз Тошканд боздид кард, то Узбакистонро ба нармиш водор кунад ва барои ин кишвар дар ин созмон мақоме қоил шаванд. Сергей Лавров дар ҷараёни ин боздидаш ба матбуот гуфт, Узбакистон муттафиқ ва ҳамкори стратегии Русия боқӣ хоҳад монд, бо вуҷуди ин, ки ин давлат дар бораи хуруҷ аз узвияти СПАД тасмим гирифтааст. Вай афзуд, Узбакистон кишвари мустақил аст, мо муттаассифем, вале тасмим гирифта шудааст.

Узбакистон моҳи декабри соли 2008 низ аз узвияти Созмони ҳакории иқтисодии АвруОсиё низ берун шуда буд.

Дар ин иҷлос раёсати давраии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аз Қазоқистон ба Қирғизистон мегузарад.

СПАД 15-уми маи соли 1992 ташкил шуда буд ва соли 2012 бистумин солгарди худро баргузор кард. Дар ҳошияи нишастҳои расмии Маскав, мулоқотҳои дуҷонибаи баъзе президентҳо низ дар назар гирифта шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97