Раҳматило Зоиров хостори ташкили комиссияи таҳқиқи шиканҷа шуд

Хабари хуб 20.12.2012 16:23

Rahmatullo ZoirOVVVҲизби умумиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон хостори таъсиси як комиссия барои таҳқиқи вазъи зиндониёни маҳбаси Хуҷанд шудааст.

Ин ҳизб бо ирсоли як нома ба унвони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, пешниҳод кардааст, ки барои баррасии вазъи ин маҳбусон, аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, як комиссияи вижа таъсис дода шавад.

Раҳматило Зоиров, раиси ХУСДТ,  рӯзи 19-уми декабр ба хабаргузориҳо гуфт, ки субҳи ҳамин рӯз ба унвони раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагон бо як нома аз вазъи маҳбусони Хуҷанд, ки латту кӯб ва шиканҷа шудаанд, гузориш додааст. Вай афзудааст, ки дар номаи худ хостори таъсиси як комиссия бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шудааст ва пешниҳод кардааст, ки ӯро ҳам ҳамчун ҳуқуқшинос дар ин комиссия шомил намоянд.

Раҳматило Зоиров мегӯяд, аз вазъи маҳбусоне, ки аз маҳбаси рақами аввали пойтахт ба зиндони Хуҷанд интиқол дода шуда ва мавриди латту кӯбу бадрафторӣ қарор гирифтаанд, аз тариқи расонаҳо огоҳ аст. Ба назари ҷаноби Зоиров, агар комиссияи вижа иборат аз намояндагони идораҳои мухталиф созмон дода шуда вориди маҳбаси Хуҷанд шаванд, он гоҳ рӯшан хоҳад шуд, ки асли масъала чӣ аст.

Ба гуфтаи ӯ аҳзоби сиёсии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар нимаи  дуввуми рӯзи ҷумъа дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе вазъи маҳбусонро баррасӣ намуда, баёнияи муштарак пахш хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки наздикони чанде аз маҳбусоне, ки дар навори видеоӣ осори латукӯб ва бадрафтории нозирони маҳбаси Хуҷандро нишон дода буданд, мегӯяд, баъд аз пахши ин наворҳо ҳайате аз Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон маҳбусонро зери фишор қарор додааст, то наворбардор ва ношири видеоҳои ҷанҷолиро пайдо кунад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлати Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд. Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфтааст, ки ин ташвиши волидони маҳбусон асос надорад, зеро ҳеч нафар ва гуруҳе аз ин ниҳод ба хотири маълум кардани пахши навори видеойии маҳбусҳо дар интернет, ба зиндони Хуҷанд нарафтааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97