Як иронӣ бо дасти занаш дар Тоҷикистон ба қатл расид

Хабари хуб 18.12.2012 21:10

largeЯк марди иронӣ, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, рӯзи 24-уми ноябр ба зарби корд кушта шудааст.

Бино ба хабари сайти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Ҳасани Мирзо, шаҳрванди 54-солаи Ирон бар асари зарби корд дар ҷигар захмӣ шуда, ва ба ҳангоми бурдани ӯ ба бемористон ҷон бохтааст.

Мадинаи Раҷабзода, шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон тӯли шаш моҳи охир дар никоҳи Ҳасани Мирзо будааст. Зимни бозпурсӣ ин зан гуфтааст, ки вай қасди қатли шавҳари худро надоштаат ва танҳо мехостааст, ки ӯро таҳдид кунад.

Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин ҳодисаро ҳамчун муноқишаи оилавӣ ба қайд гирифта, алайҳи Мадинаи Раҷабзода тибқи модаи 104-и қонуни ҷиноӣ парванда кушодааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97