Вазири дифои Русия эълом кард, ки барои системаи воҳиди зиддиҳавоии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар соли 2013 маблағи 500 миллион рубл ихтисос дода хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории РИА-Новости, Генерал Сергей Шойгу ин матлабро дар шастусеюмин нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав унвон кард.
Дар ҳоли ҳозир Русия ва Белорус дорои системаи воҳиди зиддиҳавоӣ ҳастанд ва миёни Маскав бо Остона ва Ераван низ тавофуқномаҳои эҷоди чунин система ҳосил шудааст.
Дар нишасти ахири сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Ишқободи Туркманистон низ барои эҷоди системаи воҳиди зиддиҳавоии миёни Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон тавофуқ шуд.
Пеш аз ин, генерал Герасимов, раиси ситоди кулли артиши Русия эълом карда буд, ки дар посух ба сипари дифоии мушакии Амрико дар Аврупои шарқӣ, Маскав ба эҷоди системаи воҳиди зиддиҳавоӣ бо муттаҳидони худ дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил иқдом хоҳад кард.