Порлумони Тоҷикистон тарҳи қонуни нав дар бораи матбуот ва расонаҳоро тасвиб кард. Тарҳи мазкур, ки "Қонуни матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" ном дорад ҳанӯз моҳи марти соли 2010 барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод шуда буд.
Ин тарҳро Олимҷон Салимзода ва Акрамшоҳ Фелалиев, вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия кардаанд. Ин тарҳ қаблан барои баррасӣ дар ихтиёри хабарнигорон, сардабирон ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон ва озодии баён, намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вогузор шуда буд.
Қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки фаъолияти рӯзноманигорон, матбуот ва расонаҳоро танзим мекунад, дар моҳи декабри соли 1990 ба тасвиб расида, 5 маротиба ба ин сӯ ислоҳ шудааст.
Ба гуфтаи соҳибназарон, тарҳи қонуни ҷадид низ бар мабнои қонуни мусавваб дар замони Шӯравӣ таҳия шудааст. Масалан бархе аз моддаҳои қонуни қаблӣ аз тарҳи нав хориҷ ва муқаддима ва моддаҳои тозае ба он афзуда шудаанд. Бархе аз бандҳои қонуни пешин низ таҳрир шудаанд.
Қаблан иддае аз рӯзноманигорон гуфта буданд, ки дар тарҳи ин қонун дар заминаи сабти номи расонаю нашрияҳо ва дастрасӣ ба иттилоъот ибҳомоте ба мушоҳида мерасад.
Қаблан расонаҳо ва нашриётро вазоратҳои адлия ва фарҳанг сабт мекарданд. Ҳамакнун, тибқи қонуни ҷадид, расонаҳо ва нашрияҳо ба унвони "шахси ҳуқуқӣ" дар равзанаи воҳид барои сабти созмонҳо ва иттиҳодияву ширкатҳо дар Кумитаи молиёти Тоҷикистон сабт мешаванд.
Бар асоси тарҳи ҷадид, ҳамчунин ниҳодҳои расмӣ ба дархост ва номаҳои рӯзноманигорон бояд дар муҳлати се рӯз посух бидиҳанд. Қаблан ин муҳлат 30 рӯз буд. Ҳамчунин, гуфта мешуд, ки дар ин лоиҳа мақоми ҳуқуқии сойтҳои интернетӣ ба унвони расонаи хабарӣ мушаххас нашудааст.
Дар солҳои 2001, 2005 ва 2008 бархе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ бо ҳимояти созмонҳои байналмилалӣ тарҳҳои ҷудогонаи қонуни матбуотро таҳия карда буданд.