Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар соли 2013 Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмиллалии об дар чорчӯби барномаи Созмони Миллали Муттаҳид хоҳад буд.
Ба гузориши сайти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Ҷаҳонсултон Уғлу, мудири дафтари минтақаии барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ эълом кардааст. Ин конфронс, ба муносибати соли ҳамкории байналмиллалӣ дар умури об, ки аз сӯи Созмони Миллал номгузорӣ шудааст, дар моҳи августи соли 2013 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Мудири дафтари минтақаии барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ таъкид кард, ки тайи 12 соли охир аз сӯи Созмони Миллали Муттаҳид, барои тавсиаи Тоҷикистон 2 миллиард доллар ихтисос дода шудааст.
Дар ин дидор бар зарурати ҳалли ихтилофи кишварҳои Осиёи Марказӣ бар сари об, аз роҳи гуфтугуҳои сиёсӣ таъкид шуд.