Кабирӣ аз шаҳрдорӣ 20 млн. сомонӣ ҷуброн мехоҳад

Хабари хуб 12.12.2012 20:37

KabiriМуҳиддин Кабирӣ барои таҳқири ҳайсияташ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон, аз шаҳрдорӣ 20 миллион сомонӣ ҷуброн хостааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, шаҳрдории Душанбе нафари таҳти ҳимояташро таҳқир кардааст ва бояд ҷуброн пардохт намояд. Ба қавли вакили мудофеъ, барои иҷрои ин талабот онҳо бо чанд далел ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат кардаанд. 

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, аввалан шаҳрдории Душанбе Муҳиддин Кабириро ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ба додгоҳ кашидааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон вакили порлумон дахлнопазир буда, боз кардани парвандаи шаҳрвандӣ алайҳи ӯ ғайриимкон аст.

Дувум, ба қавли ин вакили мудофеъ, бар пояи қонунҳои Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон дар баҳсҳои додгоҳӣ тарафи айбдор дониста намешавад. Ҷаноби Ёров афзуд, бо ин амалаш ҳукумати Душанбе Кабириро ҳамчун вакили порлумон таҳқир кардааст ва бояд 20 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ бипардозад. Ба гуфтаи Ёров, ин маблағ барои беҳбуди вазъи экологии пойтахти Тоҷикистон, ки баҳси додгоҳӣ аз ин масъала сарчашма гирифтааст, сарф хоҳад шуд.

Аммо намояндаи шаҳрдорӣ дар ин баҳси додгоҳӣ, Фозил Бӯриев, ба ин иддаои Муҳиддин Кабирӣ ва вакили мудофеаш посух надодааст.

Қаблан, ҳукумати Душанбе аз болои Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумон ва раҳбари ҲНИТ, ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Дар аризаи шаҳрдорӣ таъкид шудааст, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони носазо дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзарат бихоҳад. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97