"НГ": Кумитаи тафтишотии Русия Қорӣ Воситро меҷӯяд

Хабари хуб 09.12.2012 17:42

qorivositКумитаи тафтишоти ноҳияи Городишенскийи  вилояти Волгогради Русия вобаста ба нопадид шудани Абдулвосит Латипов, аз фармондеҳони пешини мухолифон, ки Тоҷикистон хостори истирдоди ӯ шуда буд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

"Независимая газета" як нашрияи бонуфузи чопи Маскав дар ин бора навиштааст, ки "фармоишгарон ва ташкилкунандагони рабудани ин мухолифи тоҷик пайдо нашуданд".

Андрей Серенко муаллифи ин матлаб менигорад; А. Латипов рӯзи 20 октябри соли равон аз як "дача" дар ноҳияи Городишенский тавассути афроди ношинохта рабуда шуда буд. Муаллиф менависад, ки намояндагони мухолифини тоҷик ва ҳамчунин пайвандони А. Латипов даъво доранд, ки ӯ ба Тоҷикистон бурда шудааст. Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таври расмӣ ин хабарро рад кардаанд. 

"НГ" менависад, ки Абдувосит Латипов, яке аз ёрони наздики Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, аз раҳбарони пешини мухолифони тоҷик панҷ рӯз пас аз раҳо шуданаш аз "спецприёмник"-и РКД Волгоград рабуда шудаааст. А. Латипов барои будубоши ғайри қонунӣ дар Русия аз ҷониби мақомоти он кишвар муттаҳам мешуд. Дар ҳоли ҳозир Додгоҳи аврупоӣ шикояти А. Латиповро баррасӣ мекунад.

Ба навиштаи ин рӯзнома дар ҳоли ҳозир тафтишот версияи тарҳрезишуда будани нопадид шудани А. Латиповро таҳқиқ мекунад.

"НГ" менависад, ки ахиран муфаттиши Шуъбаи Кумитаи тафтишотии вилояти Волгогради Русия зимни як маъмурияти корӣ гӯё аз Тоҷикистон дидан кардааст. Аммо ин хабарро мақомоти Тоҷикистон то кунун тасдиқ ё рад накардаанд.

Ба ҳар ҳол ҷолиб хоҳад буд, агар ошкор шавад, ки А. Латипов, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон низ дар содир намудани ҷиноёти сангин назири куштор мутаҳам мешавад, куҷо шудааст.

 Дар ҳамин ҳол Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Абдулвосит Латипов, низ гуфтааст, ки роҷеъ ба ин масъала ба мақомоти зидахли Тоҷикистон муроҷиат намуда ва посухи расмии ин мақомотро гирифтааст, ки гуфтаанд, Абдулвосит Латипов дар ҳудуди Тоҷикистон қарор надорад.

Аммо Музаффар Латипов, бародари Абдулвосит Латипов, ба хабаргузории «Азия плюс» гуфтааст, ки онҳо аз манобеъи муътамад дар бораи оварда шудани Қорӣ Восит ба Душанбе хабар ёфтаанд. Ӯ афзудааст: «Ба ҷуз хабари оварда шудани ӯ дигар иттилое надорем. Мо барои ӯ вакили дифоъ гирифтем ва умедворем, ки ӯ ба ин қазия равшанӣ меандозад»

Расонаҳо навиштаанд, ки дар замони ҷапнги дохилӣ Қорӣ Восит яке аз афроди наздик ба Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, раҳбари дуввуми ИНОТ буд ва дастурҳои ӯро иҷро мекард. Бархеи дигар расонаҳо ҳатто ӯро шогирди мазҳабии оқои Тураҷонзода унвон кардаанд, аммо худи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ин даъворо рад мекунад. Аммо худи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода гуфтааст, аз нопадид шудани Қорӣ Восит нигарон аст ва шунидааст, ки мехоҳанд аз Қорӣ Восит дар бораи ӯ маълумот бигиранд ва зидди ӯ истифода кунанд. Аммо гуфтааст, ӯ "ман баъди имзои сулҳ ва оромӣ ҳеч гоҳ касеро барои амалҳои ғайриқонунӣ водор накардаам. Ҳамаи амалҳое, ки онҳо то имзои сулҳ карда буданд, афв шудаанд."

Абдулвосит Латипови 44 сола, зодаи шаҳри Кофарниҳон, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли муноқишаҳои дохилӣ будааст. Ӯ соли 2010 дар Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Додгоҳи аврупоӣ истирдоди Қорӣ Восит ба Тоҷикистонро манъ карда буд. Аммо додгоҳи Волгоград  Абдулвосит Латиповро ба сукунати ғайриқонунӣ дар Русия муттаҳам ва ӯро ҷарима намуд.

Қорӣ Воситро мақомоти Тоҷикистон дар одамрабоӣ, куштор ва роҳзанӣ муттаҳам мекунанд. Ба навиштаи расонаҳо гуруҳи таҳти амри Абдулвосит Латипов дар иҷрои бештар аз 20 маврид амали террористӣ, куштори Нурулло Ҳувайдуллоев, 19 низомии рус ва 4 корманди милисаи Кофарниҳон дар замони даргириҳои шаҳрвандӣ муттаҳам мебошанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97