Пас аз 26 сол сохтмони ниматамоми "Шарқи Озод" шуруъ мешавад

Хабари хуб 08.12.2012 12:55

GKДар назар аст, ки "Ландес Бонк"-и Берлин барои таҷдид ва таҷҳизонидани Маҷмааи табъу нашри "Шарқи Озод", миллионҳо евро ихтисос диҳад.

Масъалаи ҷудо намудани маблағ барои таҷдид ва аз навсозии Маҷмааи табъу нашри "Шарқи Озод", дар мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо директори депортаменти маблағгузориҳои "Ландес Бонк" -и Берлин,  Бернд Шмидт баррасӣ шудааст.

Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар додаанд, дар доираи лоиҳаи навсозии "Шарқи Озод", харидории таҷҳизоти замонавӣ барои омода намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъидошта ва кортҳои пластикӣ дар назар аст. Маҷмӯан, арзиши азнавсозиҳо дар Маҷмааи табъу нашри "Шарқи Озод" 11,4 млн.евро баҳогузорӣ мешавад.

Масъулин мегӯянд, аз замони ба истифода дода шудани Маҷмааи табъу нашри "Шарқи Озод" беш аз 26 сол сипарӣ шудааст, аммо то ҳанӯз комиссияи давлатӣ онро қабул накардааст, чун тибқи аснод ҳамагӣ 78 дарсади корҳои сохтмонии ин бино иҷро шудаанду халос.

Айни ҳол дар ин бино даҳҳо идораи рӯзномаю маҷаллаҳо маскан гирифтаанд, вале ба гуфтаи маъмурияти маҷмаъа, маблағи ба дастомада ҳатто ба хароҷоти рӯзмарраи он намерасад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97