Уолстрит як маҷаллаи амрикоӣ дар гузорише навиштааст: "Бо вуҷуди ҷорӣ кардани таҳримҳои якҷониба алайҳи Ирон, ки Вашингтон ҳомии онҳост, артиши Амрико ниёзи нируҳои мустақар дар Афғонистонро ба подзаҳри морҳои заҳрдор бо истифода аз маҳсулоти иронӣ бартараф мекунанд."
Дар ин гузориш омада аст: "Равобити миёни Ирон ва Амрико дар ҳамаи мавридҳо заҳрогин аст, ба ҷуз дар як маврид ва он чизе нест ҷуз подзаҳри мор. Аз қазои рӯзгор, яке аз натоиҷи фаръӣ ва албатта аҷиби ҷанги Афғонистон, ин аст, ки вазорати дифои Амрико барои дармони моргазидаҳо дар ҷабҳаҳои набаради худ дар ҷануби ғарби Осиё, ниёзманди кумаки таҳқиқоти давлати Ирон аст."
Ин нашрия меафзояд, бо вуҷуди таҳримҳои якҷониба, ки ба раҳбарии Амрико ва бо ҳадафи асаргузорӣ бар тиҷорати Ирон бо дунёи хориҷ эъмол шуда, вазорати дифоъи Амрико дархости доруи худро, ки 115 шиша, ба арзиши ҳар ададе 310 доллар аст, тариқи як восита аз Ирон харидорӣ мекунад.
Ба гуфтаи як афсари амрикоӣ, дар роҳнамоиҳои пизишкии содиршуда аз сӯи ситоди фармондеҳии марказии Амрико, омада аст, ки доруҳои тавлидшуда дар муассисаи таҳқиқотии воксансозии Розии Ирон, бояд дар садри дармонҳои моргазидагӣ қарор гирад, зеро ин дору подзаҳри бисёре аз морҳои ройиҷ дар Афғонистон ҳаст.
Мудири як бемористони низомӣ дар наздикии пойгоҳи нируи дарёии Амрико дар ҷануби Афғонистон ҳам подзаҳри ирониро беҳтарин подзаҳр медонад.
Ин нашрия ҳамчунин ба нақл аз як муҳаққиқи аршад дар бахши подзаҳри муассисаи Розӣ навишта аст: "Мо ин доруро барои наҷоти ҷони инсонҳо тавлид мекунем ва бароямон муҳим нест, ки истифодакунанда аз он иронӣ аст ё афғонӣ ва ё як сарбози амрикоӣ."