
Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро аз ҷумлаи 5 кишвари ҷаҳон ба барномаи озмоишии истифода аз манобеъи обу энергетика шомил кардааст. Александр Зуев, ҳамоҳангсози доимии СММ ва раҳбари намояндагии Барномаи тавсеъаи СММ дар Тоҷикистон рӯз 4 декабр дар ин бора иттилоъ додааст.
Ӯ, ки дар конфронси миллии "Натоиҷи Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20) ва нигоҳи миллӣ ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об" дар шаҳри Душанбе ширкат дошт, гуфт, ки тибқи ин барнома дар назар аст, то соли 2030 мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистон комилан ҳал шавад: "Ҳадафи барнома то соли 2030 таъмини нируи барқ барои сокинон дар тамоми фасли сол буда, барои иҷрои он бояд талафи нируи барқи обӣ дар хатҳои интиқол то 10 дар сад ва талафи нируи барқи ҳароратӣ то 20 дар сад коҳиш ёбад. Ҳамчунин, лозим аст, ки мизони истифода аз энержии қобили эҳё 20 дар сад афзоиш ёбад."
Ба гуфтаи ӯ, дар Конфронси СММ дар масоили об, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Риу де-Жонейруи Бразил баргузор шуд ва дар кори он беш аз 12 ҳазор намоянда, аз ҷумла, 100 тан аз сарони кишварҳои ҷаҳон ширкат доштанд, бо ибтикори Тоҷикистон соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об эълом шуд.
Раҳмат Бобокалонов, вазири обу обёрии Тоҷикистон, гуфт, ки ба манзури баргузори тадобир дар ин замина дар Тоҷикистон таҳти раёсати Оқил Оқилов, нахуствазир, Комиссиюни тадорукот таъсис шудааст ва дар назар аст дар моҳи августи соли оянда дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши об баргузор шавад.
Ширкаткунандагони ҳамоиш ба зарурати муколама дар заминаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар мавриди истифода аз манобеъи об дар минтақа таъкид карда ва гуфтанд, ки ин амр метавонад ба ҳалли мушкили тақсими манобеъи об ва дар ниҳоят, ба таҳкими сулҳу субот ва пойдории амният дар минтақа мусоидат кунад.