Муҳофизи пешини Ҳоҷӣ Акбар Турaҷонзода боздошт шуд

Хабари хуб 05.12.2012 19:24

putiniНаздикони Убайдулло Ғаффоров, муҳофизи собиқи Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода аз боздошти ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар додаанд.

Убайдулло Ғаффоров , ки бо лақаби «Убайди зард» маъруф аст, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нируҳои мухолифини тоҷик мебошад.

Раҳматулло Ғаффоров, бародари Убайдулло Ғаффоров рӯзи  5-уми декабр ба «Озодӣ» гуфтааст, ки вай дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ваҳдат нигоҳдорӣ мешуд, вале бо сабабҳои номуайян, дар охирҳои ҳафтаи гузашта ба Душанбе интиқол дода шуд.

Ба қавли Раҳматулло Ғаффоров, бародараш дар моҳи ноябр аз Русия ихроҷ шуда буд, вале ҳангоми фуруд омадан аз ҳавопаймо, дар бинои фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда ва тайи як моҳи ахир, дар боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат бидуни айбнома нигоҳдорӣ мешуд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таври расмӣ боздошти Убайдулло Ғаффоровро рад мекунад.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба вазорати корҳои дохилӣ, ки аз овардани номаш худдорӣ кардааст, ба «Озодӣ» гуфтааст, ки Убайдулло Ғаффоров дар моҳи ноябр дар шаҳри Челябинск боздошт ва ба Душанбе истирдод шудааст. Вай бо амалҳои ғоратгарӣ, одамрабоӣ, ғайри қонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва гаравгонгирӣ, муттаҳам мешавад. 

Убайдулло Ғаффоров то солҳои дуҳазорум яке аз муҳофизони Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, руҳонии сиёсатмадор ва собиқ муовини сарвазири кишвар буд. Аммо баъди соли 2000-ум ба Русия рафт ва давоми ёздаҳ сол дар ин кишвар зиндагӣ дошт. 

Убайдулло Ғаффоров, ҳамроҳи Намоз Қурбонов, фармондеҳи дигари собиқ Иттиҳодияи мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳон, ҳоло ноҳияи Ваҳдат фаъолият дошт ва пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997, ба сохторҳои қудратӣ дар Раёсати муҳофизатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, шомил шуда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97