Ё ба шасти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳиҳои бузург афтоданд- аввал «Фейсбук», ҳоло «Озодӣ»
Дафтари намояндагии радиои "Озодӣ" дар Душанбе аз баста шудани торнамои ин радио дар Тоҷикистон хабар додаст.
Гуфта мешавад, ки дастрасӣ ба ин торнамо танҳо тавассути фароҳамгарони интернетии Истера, Телеком ва Мегафон дар ҳоли ҳозир мумкин аст.
Барои муштариёни ширкатҳои дигари фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба торнамои «Озодӣ номумкин шудааст.
Торнамои радиои "Озодӣ" аз сайтҳои пурбинанда дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бек Зуҳуров, раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон, дар бораи масдуд шудани дастрасӣ ба ин торнамо изҳори беиттилоъӣ кардааст.
Дар ҳоле ки Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон, гуфтааст, ки бархе аз ширкатҳои фароҳамгари интернет аз Идораи иртиботот тавассути смс ё паёмак дастуре дар бораи филтер кардани ин сайт дарёфт кардаанд.
Дар чаҳор рӯзи пеш дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» масдуд шуда буд.