Парлумон қонуни савдоро баргардонд

Хабари хуб 30.11.2012 15:54

parlumonПешнависи Қонуни "Савдо ва хидматрасонии маишӣ" ба далели дар "сатҳи паст" таҳия шудан ва навоқиси фаровони дигар аз рӯзномаи иҷлос хориҷ карда шуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 28 ноябр зимни ифтитоҳи иҷлоси парлумон гуфт, ки бо вуҷуди баррасӣ дар ҷаласаи Шӯро ва кумитаҳои парлумон навоқиси услубӣ, меъёрӣ ва забонии ин санади ҳуқуқӣ ислоҳ нашудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, дар ҳоле ки бар асоси муқаррароти Маҷлиси Намояндагон асноди ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ ва бо риъояти ҷиддии меъёрҳои он таҳия бояд шаванд, дар пешнависи Қонуни "Савдо ва хидматрасонии маишӣ" аз вожаҳои русӣ, назири "павилон" ва "ларёк" истифода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъа Давлатов, намояндаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар парлумон, гуфт, ки дар баъзе мавридҳо як вожаи русӣ ба забони тоҷикӣ ба 10 тарз тарҷума мешавад ва ин амр корро дар таҳияи қонунҳо душвор месозад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҷаноби Давлатов хост, то ба ҳукумат ва дастгоҳи президент расонад, ки ин қонун сатҳӣ ва бемасъулиятона таҳия шудааст.

Зимнан, пешнависи Қонуни "Савдо ва хидматрасонии маишӣ" аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон омода шуда ва Неъматҷон Бӯриев, муовини вазир, барои муъаррифии ин санад дар иҷлоси парлумон ҳозир шуда буд.

Қаблан низ чанд санади ҳуқуқӣ ба иллати вуҷуди навоқиси меъёрӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯзномаи иҷлоси парлумон хориҷ карда шуда ва пешнависи онҳо барои ислоҳи навоқис ва такмил ба таҳиякунандагони ин асноди ҳуқуқӣ бозгардонида шуда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97