Телефони боварӣ: Ба "Барқи тоҷик" хабар бикашед!

Хабари хуб 29.11.2012 18:28

barki-tochik"Барқи тоҷик" бо нашри телефони боварии худ аз мардум хостааст, дар бораи риоя нашудани лимит онҳоро огоҳ кунанд.

Ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри телефони боварии худ аз сокинони кишвар хостааст, дар сурати риоя нашудани  меъёри лимити нируи барқ ба онҳо занг бизананд.

Дафтари матбуоти "Барқи тоҷик" мегӯяд, телефони боварӣ натанҳо дар пойтахт, балки дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳам насб шуда, мардум ба зудӣ аз тариқи матбуот огоҳӣ хоҳанд ёфт.

Ба қавли ин манбаъ, дар ширкати "Барқи тоҷик" рақами 446106050 ба телефони боварӣ ихтисос додаанд, то ин ки муштариён битавонанд  дар бораи ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ, аз ҷумла ба маҳалла ва шахсони алоҳида берун аз лимит додани барқ, ғорати барқ ва амалу рафтори ғайриқонунии назоратчиёни барқ маълумот пешниҳод намоянд.

Мақомоти "Барқи тоҷик" мегӯянд, ҳар сокини кишвар метавонад тавассути телефонҳои боварӣ бо онҳо дар тамос шуда, дар бораи ҳодисаҳои дуздии барқ ва истифодаи ғайриқонунии он ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рӯшноиву гармии тамоми ҷомеа аст, маълумот бидиҳанд.

Ширкат гуфтааст, пешакӣ ба чунин шахсони дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махфӣ нигоҳ доштани ному насаби онҳоро кафолат медиҳем.

Қаблан дар замони саветӣ, «народный контрол» ё «назорати халқӣ» аз ҷумлаи мардум амал мекард, ки ҳамчунин падидаҳои номатлубро ба мақомоти дахлдор хабар медод. 

Тоҷикистон дар фасли зимистон ба 3 миллиард киловат нируи барқ ниёз дорад. Ин аст, ки сокинони кишвар то 7 моҳи сол, махсусан тирамоҳу зимистон дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соати ангуштшумор барқ мегиранду бас.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97