Ҷоми «СССР» боз дар Кӯлоб монд

Хабари хуб 26.11.2012 15:17

SSSRДар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷоми рӯзномаи «СССР» оид ба футбол ба охир расид. Боз ҳам чун соли пешин дастаи наврасони «Равшан» ҷоизадори ҷоми «СССР» гардид.

Бояд гуфт мусобиқа барои дарёфти ҷоми «СССР» соли панҷум аст, ки бо ибтикори рӯзномаи «СССР» дар ҳамоҳангии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин дафъа ба ибтикори баргузории кубоки мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамроҳ шуда, анҷоми корҳои ташкилӣ ва фарҳангиро ба уҳда гирифт. Раиси шаҳри Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов, ки дар маросими ифтитоҳ ва пӯшида гаштани мусобиқа ширкат варзид, баргузории чунин мусобиқотро омили пешрафт ва рушди футбол дар кишвар унвон кард. Ба гуфти ӯ таъсиси ин гуна мусобиқаҳо аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати инкишофи варзиш дар кишвар манша гирифта, барои дарёфти чеҳраҳои нави футболи тоҷик мусоидат мекунад.

Сайёфи Мизроб, сардабири рӯзномаи «СССР» гуфт, ки «ҳадаф аз таъсиси чунин як ҷом, ки инак чанд солест дар кишвар баргузор мегардад, рушди футбол дар Тоҷикистон аст. Мо ба ин васила заминаи футболи миллиро дар кишвар бунёд месозем ва умед дорем ба ин мақсади худ муваффақ мешавем. Баргузор кардани ҷом дар музофот ба рушди футбол дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард ва оянда аз эҳтимол дур нест, ки ҷоми «СССР» дар дигар шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардад». Њамчунин аз роҳбарияти шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар баргузории мусобиқа изҳори сипос кард.

Ҳамин тариқ дастаи наврасони  «Равшан»-и Кӯлоб соҳиби ҷоми  рӯзномаи «СССР» гардида, дастаи наврасони ноҳияи Варзоб ҷои дувум ва дастаи «Хатлон»-и шаҳри Кӯлоб ҷои сеюм ва «Барқ»-и шаҳри Норак ҷои чорумро ишғол кард.

Гуфта мешавад дар Кӯлоб 6-дастаи наврасони то сини 16 сола аз шаҳрҳои Душанбе, Норак, Варзоб, Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод  ширкат варзида, дастаи «Мардакчаҳо»-и ҷамоати Даҳана, ки дар аввалин Кубоки «СССР» иштирок карда буд, ба ҳайси меҳмон ширкат варзид. Ба ғолибон ғайр аз ҷом ҳамчунин медалҳои мусобиқа ва ба бозингарони беҳтарин туҳфаҳои хотиравии дастандаркорони мусобиқа супорида шуд.

С. Фаррухшоҳ

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97