Таҷҳизоти нав гуфтугӯи қочоқчиёнро тарҷума мекунад

Хабари хуб 26.11.2012 14:08

Кумитаи давлатии мубориза бо маводи мухаддири Русия истифода аз таҷҳизоти ҳушманди  шунидани гуфтугӯ барои кашфи маводи мухаддир аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи марказӣ ва Қафқозро дар дастури кор қарор додааст.

Ба гузориши нашрияи «Известия» ба ин манзур таҷҳизоте ба маблағи  5 миллион рубл харидорӣ  шудааст, ки қодир аст гуфтугӯи телефонии ин ашхос ба забонҳои узбакӣ, озарӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, лотинӣ ва ҳамчунин лулиҳои муқими ин кишварро забт ва ба русӣ тарҷума  мекунад.

Ба гуфтаи генерал Николай  Карташёв - мудири равобити умумии кумитаи давлатии мубориза бо маводи мухаддири Русия аксари маводи мухаддири воридотӣ ба ин кишвар дар Афғонистон тавлид шуда аз тариқи гуруҳҳои қочоқчӣ ба ин кишвар ворид мешаванд; бо таваҷуҳ ба он ки қочоқчиёни мутааллиқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳангоми муъомила танҳо ба забони модарии худ гуфтугӯ мекунанд, бо истифода аз таҷҳизоти ҳушманди шунуди муколимот имкон шунидан ва тарҷумаи ин муколимот ба забони русӣ фароҳам мешавад ва аз ин раҳгузар кори ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ низ осон хоҳад шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97