Эмомалӣ Раҳмон сеюмин президенти хабарсози ИДМ

Хабари хуб 24.11.2012 13:24

Rahmonov EmomaliРаиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сегонаи хабарсозтарин раҳбарони кишварҳои пасошӯравии ИДМ қарор гирифтааст. Феҳристи мазкур дар асоси назарсанҷии хабаргузории русии «Регнум» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Медиалогия» тартиб дода шудааст.

Тибқи ин рейтинг, моҳи гузашта исми Эмомалӣ Раҳмон пас аз раҳбарони Белорус ва Украин дар фазои иттилоотии пасошӯравӣ бештар аз дигарон зикр шудааст. Сафари Путин ба Тоҷикистон, зодрӯзи президент Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаи тамдиди пойгоҳ, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба мақоми севвуми ин рейтинг бурдааст.

Ҳадаф аз ин пажӯҳиши ҳармоҳа, муайян кардани мақоми раҳбарони кишварҳои ИДМ дар фазои иттилоотии пасошӯравӣ унвон мешавад. Ин назарсанҷӣ дар ду самт - зикри номи раҳбарон дар расонаҳо ва ёдкарди мусбат ё манфӣ аз онҳо сурат мегирад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97