Бар асари оташсӯзӣ дар хобгоҳе дар шаҳри Долгопруднии вилояти Маскави Русия ду шаҳрванди тоҷик, аз ҷумла, як духтари 4 сола ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, ин ду нафар Саодат Исмоиловаи 22-сола ва Зарнигор Исмоиловаи 4 сола будаанд, ки дар ин хобгоҳ ба таври муваққат зиндагӣ доштаанд.
Тибқи иттилоъи аввалия, ба далели пайдо шудани иллат дар хатти барқ дар фурӯшгоҳи молҳои рӯзгор, ки дар табақаи аввал воқеъ буд, сӯхтор ба амал омада ва сипас, хобгоҳ низ ба коми оташ рафтааст.
Ин манбаъ гуфтааст, дар рӯзи 15 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Обнински вилояти Калуга низ Зоҳирҷон Тоҷибоеви 19 сола, шаҳрванди тоҷик, аз ҷониби афроди номаълум ба таври ваҳшиёна кушта шудааст. Пулиси Русия ин қазияро баррасӣ мекунад.