Бардюжа: Бе Узбакистон тасмимгирӣ осон шудааст

Хабари хуб 22.11.2012 14:39

imagesДабири кулли паймони амнияти дастаҷамъӣ эълом кард, ки тасмимгирӣ дар бораи масъалаҳои муҳим дар ин ниҳоди амниятӣ ва низомии минтақаӣ бидуни Узбакистон осонтар шудааст.

Ба гузориши Интерфакс, генерал Николай Бардюжа ин матлабро дар нишасти илмии паймони амнияти дастаҷамъӣ 20 соли фаолият ва дурнамои он дар Маскав унвон кард.

Ҷаноби Бардюжа ба хуруҷ ва пайвастани дубораи Узбакистон ба ин паймон ва дархости нави Тошканд дар мавриди ба таълиқ гузоштани узвияти ин кишвар дар ин ниҳоди минтақаӣ дар 10 соли ахир ишора кард ва гуфт: - Аз замони матраҳ шудани таълиқи узвияти Узбакистон дигар аъзо бар сари масъалаҳои густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва низомии митақаӣ ба осонӣ ба тавофуқ расидаанд, дар ҳоле ки ҳузури Узбакистон ҳамеша сабаби ихтилоф мешуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97