Дар бозори Ҷал-ҷам - яке аз бузургтарин бозорҳои фурӯши масолеҳи сохтмонии пойтахт рӯзи 21.11.2012 сӯхтор ба амал омад.
Сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонии «Ҷал-ҷам» тақрибан соати 10-и субҳ ба амал омада, соати 10:30 дақиқа чаҳор мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва чаҳор мошини ёрии таъҷилӣ барои бартарафсозии сӯхтор ва оқибатҳои он сафарбар шудаанд.
Масъулини оташнишонӣ гуфтаанд, ки сӯхтор фавран хомӯш карда шудааст, аммо ба қавли шоҳидон, он то дер идома кардааст.
Қаблан, рӯзи 5-уми сентябри соли равон бар асари сӯхтор дар қисмати яклухтфурӯшии бозори «Корвон» 8 ҳазор метри мураббаъ ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо ба коми оташ фурӯ рафт ва ҳатто гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса як нафар ҳалок шуда ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд. Ҳамчунин ин оташсӯ-зӣ хисороти сангини моливу равонӣ дар пай дошт.
Дар гузашта дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Варзоб» низ сӯхтор ба амал омада буд. Сабабҳои оташсӯзӣ дар бозорҳоро гоҳе бо сабабҳои риоят накардани бехатарӣ аз сӯхтор ва гоҳе ҳам ба рақобати носолими миёни тоҷирон рабт медиҳанд. Ахиран навори видеоие аз бозори «Корвон» дар интернет ба намоиш гузошта шуд, ки дар он сияҳпӯше дар миёни дӯконҳои ин бозор алангаи оташро фурузон кардааст, аммо бо ин вуҷуд тафтишот гунаҳкори ин оташсӯзиро кашф накардааст. Ҳамчунин то ба ҳол касе аз тоҷирон таъйид накардааст, ки хисороти онҳо аз сӯи соҳибони бозор ҷуброн шуда бошад.
Дар бораи хисороти моливу ҷонии бозори «Ҷал ҷам» ҳанӯз иттилое дастрас нашудааст.