Дар якчанд навоҳии Тоҷикистон «Шаҳраки сарсабз» пайдо шуд

Хабари хуб 19.11.2012 17:12

SHahaki sabz01Ширкати «МегаФон» лоиҳаи таҳти унвони «Шаҳраки сарсабз»-ро идома медиҳад.

Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва Душанбе дар фасли тирамоҳи заррин аз хаймаҳои сабзпуш ва майдонҳои навоваришуда боздид карданд. Ҳозирин дар ин шаҳрак интернети баландсуръати  «МегаФон»  ва гаҷетҳои ширкатро мавриди озмоиш қарор доданд.

shahr sabz«Сокинони навоҳии дурдасти Тоҷикистон амалан аз имкони шиносоӣ бо технологияҳои нави алоқаи мобилӣ маҳрум мондаанд, - мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Андрей Шишковский. – Дар «Шаҳраки сарсабз»-и мо онҳо метавонанд на танҳо истироҳат карда вақти худро хуш гузаронанд, балки доир ба интернети бесим, тарзи истифодаи он ва масъалаҳое, ки ҳалли онҳо тавассути ин хизматрасонӣ имконпазир аст, маълумоти муфид бигиранд. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97