«Бег Зуҳуров, биёед, во бихӯрем!»

Хабари хуб 18.11.2012 20:26

Аbeg Zuhurovнҷумани ширкатҳои фароҳамсози Интернет хостори мулоқот бо Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шудааст.

Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамсози Интернет дар Тоҷикистон, ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ҳадаф аз ин мулоқот баёни нигаронӣ аз ташаббуси нави Хадамот дар мавриди ташкили Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP) ва ҳам пешниҳоди роҳи ҳалҳост.

Ќаблан, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин кумитаҳои амният ва сармоягузории кишвар, пешниҳод карда буд, ки аз таъсиси ҳамчунин ниҳод пуштибонӣ кунанд. Зарурати таъсиси ин марказ дар ин нома ба ҳадафи таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷилавгирӣ аз мавридҳои нақзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва муайян намудани масъулият барои пешниҳоди хадамоти пастсифат шарҳ дода шудааст.

Ҳамчунин дар ин нома омадааст, ки "ҳангоми бақайдгирии муштариён ва истифода аз хидматрасонии интернет амнияти иттилоотӣ халалдор гардида, ба ин васила амалҳои таҳдидкунандаи суботи миллӣ ба воситаи иттилоот сурат мегиранд ва саривақт танзим нагардидани хадамоти мазкур авзои сиёсии кишварро метавонад зери таҳдид қарор диҳад."

Аммо Асомуддин Атоев мегӯяд, Хадамоти алоқа мақсаде гузоштааст, ки аз рӯи имконоти мавҷуда расидан ба он имконнопазир аст, аммо ба амнияти иттилоотиву иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад. Ба қавли ӯ, ин вазъ рақобатро миёни ширкатҳо танг ва даромади онҳоро кам мекунад ва дар бозори хидматрасониҳои Осиёи Марказӣ маҳдудиятҳо ба миён меорад.

Ҳадаф аз ташкили Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP) ба таври физикӣ ба як марказ пайваст кардани ширкатҳои интернетрасон аст, ки тамоми бозорро вобастаи технологияи як ширкати мухобиротӣ мекунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97