Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳарфи ниҳоиро дар мавриди тарҳи "Роғун" ҷониби Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ хоҳанд зад.
Президенти Тоҷикистон, рӯзи13-уми ноябр, дар масъалаи ниругоҳи "Роғун" бо ҳузури намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, сарвазири кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир кардааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа натиҷаҳои вохӯрии ҳайати давлатҳои наздисоҳилии дарёи Омӯ, ки 6 ва 7-уми ноябри соли 2012 дар шаҳри Алма-ато баргузор гардида буд, баррасӣ шуданд.
Президенти Тоҷикистон ҳисобот ва назари масъулини ҳукумат, Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои тадқиқкунанда ва коршиносони ҷудогонаро дар мавриди тарҳи "Роғун" шунида, изҳор доштааст, ки дар асоси тадқиқоти байналмилалӣ ҳукумат ҳамроҳ бо Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба ин ло-иҳаи муҳим хулоса мебарорад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани вохӯрии минбаъда дар мавриди Роғун, ки дар моҳи январи соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, тамоми сохторҳои масъул бояд ҳамкориро вусъат бахшида, барои таҳия ва мувофиқаи ҳисоботҳои навбатии корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳа чораҳо андешанд.
Дар маҷмуъ президенти кишвар аз раванди омӯзиши имконоти иқтисодию техникӣ ва таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи ниругоҳи Роғун ва ҳамкориҳо дар ин самт изҳори қаноатмандӣ кардааст.