Истиқбол аз «Иҷлосияи 16-Шӯрои Олии Тоҷикистон» дар Кӯлоб

Хабари хуб 15.11.2012 16:01

kulob_pidromДар шаҳри Кӯлоб аз 20-солагии Иҷлосиси 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон истиқбол шуд. Ба ин хотир дар саҳни Кохи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои корхонаҳои мухталифи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Шаҳрдори Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов зимни муборакбодӣ аз ҳозирин, ки дар толори бошукуҳи Кохи фарҳанг ба ҳам омада буданд гуфт; «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ҳаёти минбаъдаи мардуми кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба бор овард. Маҳз дар ҳамин ҷо бо талошҳои ватандӯстонаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи сулҳи деринтизор барои миллат гузошта шуда, дар дили мардум шуълаи умеду боварӣ ба фардои дурахшон пайдо шуд. Ин шуълаи умед дар ояндаи наздик ба алангаи фурӯзони эътимод ба сулҳу субот ва ободию бунёдкорӣ табдил ёфт».

Ӯ афзуд: «Аз ин рӯ месазад мо ба қадри ин суботи комил ва пешрафту шукуфоӣ дар Ватани азизамон бирасем ва барои рушду нумуъи Тоҷикистон саҳми худро бигузорем»

Шоири халқии Тоҷикистон Ақназар Ғоиб ва раиси ТВ Кӯлоб Сафаралӣ Эргашев, ки дар он ҷаласа иштирок доштанд, таассуроти худро аз рӯзҳои баргузории он иброз доштанд. Бояд гуфт дар чаҳорчӯби истиқбол аз ин санаи фархунда дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо маъракаву чорабинӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, суҳбату вохӯриҳо бо вакилони вақти инг Иҷлосия ҳамчунин озмунҳое дар макотиби оливу миёна, кӯчаву маҳаллаҳо баргузор шуд, ки дар поении қисмати тантанавии ин чорабинӣ ба ғолибони озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» туҳфаҳои эҳдо намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб супорида шуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли ҳунар компазитсияи адабии «Садои наҷотбахш»- ро пешкаши ҳозирин намуданд, ки саропо аз муколамавву сурудҳои ватандӯстона иборат буд. Бояд гуфт ба табрики мардум ҳамчунин чеҳраҳои саршиноси ҳунари тоҷик низ омада ҳунарнамоӣ карданд.

Тантани идона ба истиқболи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ  Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо баргузории тӯйи хонадоршавии 4-ҷуфти навҷавон ва хатнасӯри 20-атфол аз хонаводаҳои камбизот ба поён расид.

Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ              

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97