Собянин: Ҷанг бар сари об дар Осиёи Марказӣ дуруғ аст!

Хабари хуб 14.11.2012 17:23

Aleksandr_SobyaninАлександр Собянин, мудири маркази пажуҳишҳои марзбонии ҷомеаи муштаракулманофеъ  таъкид кардааст, ки тарҳи мавзуи эҳтимоли ҷанг ва даргирии низомӣ барои об дар Осиёи Марказӣ дуруғе беш нест.

Ба гузориши сайти “озодии баён”,  Александр Собянин бар ин бовар аст, ки таҳдиди Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар мавриди эҳтимоли ҷанг барои об ба далели бунёди ниругоҳҳои бузурги Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон бештар ҷанбаи таблиғотӣ дорад ва аслан имконпазир нест.

Александр Собянин муътақид аст, ки ин таҳдид нашъат гирифта аз ҳамкории Узбакистон ва Амрико аст ва мақомоти Амрико бо сафар ба Тошканд ин идеяро талқин кардаанд. Аммо таҳаввулоти минтақа ҳикоят аз ин воқеият дорад, ки ба далели такмил набудани шабакаҳои обёрии Узбакистон 40 то 45 % аз оби рудхонаҳои Ому ва Сир дар хоки Узбакистон барҳадар меравад. Аз ин рӯ мутаҳам кардани Тоҷикистон ва Қирғизистон ба унвони сабабгорони буҳрони об дар Осиёи Марказӣ тавасути Узбакистон комилан нодуруст аст.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97