Узбакистон се занро «ҷосус»гуфта, зиндонӣ кард

Хабари хуб 12.11.2012 18:23

zindonДар ҳоле ки додгоҳе дар Узбакистон ниҳодҳои амниятии Тоҷикистонро дар гумоштани се сокини Узбакистон ба манзури ҷосусӣ муттаҳам карда, мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин маврид ҳанӯз вокунише накардаанд.

Хабаргузории сомонаии “UzDaily” дар истинод ба телевизиони давлатии он кишвар навиштааст, ки се зан аз ҷумлаи сокинони Узбакистон барои ҷосусӣ ба суди Тоҷикистон аз 14 то ба 15 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.

Тибқи иттилоъи ин сайт, гӯё Кимиё Худоёрова, Гулнора Амонова ва Раъно Хурсандова, сокинони ноҳияи Узуни вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба ивази подоши молӣ иттилоъот дар мавриди макони таъсисоти артиш, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Узбакистон дар навоҳии Узун ва Сариосиёро ба Тоҷикистон ироа медодаанд.

Ин сайт менависад, ин афрод ҳамчунин иттилоъот дар бораи ҳуввияти кормандони ин ниҳодҳоро ба кормандони вижаи Тоҷикистон интиқол медодаанд. Аз ин рӯ додгоҳи вилояти Сурхандарё яке аз ин занҳоро, ки гуфта мешавад, шаҳрвандии Узбакистонро надоштааст, ба 15 ва ду зани дигарро ба 14 сол маҳкум ба зиндон кардааст.

Ин барои бори нахуст нест, ки дар Узбакистон дар мавриди боздошт ва муҷозоти афроде, ки муттаҳам ба ҷосусӣ ба суди кишварҳои ҳамсоя мешаванд, иттилоъ пахш мешавад. Дар гузашта низ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбакистон аз чанд мавриди муҷозоти шаҳрвандони тоҷику узбак ба иттиҳоми ҷосусӣ гузориш шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора аз нақзи ҳуқуқи иддае аз ақалиятҳои қавмӣ дар Узбакистон шадидан интиқод мекунанд.

Баста шудани бисёре аз макотиби тоҷикзабон дар шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи он кишвар ва адами бахши омӯзиш ба забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳои олии Узбакистон, мавориде ҳастанд, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо боиси мушкилоти сокинони тоҷикзабон дар он кишвар шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97