Бонки Ҷаҳонӣ боз 38 миллион доллар кумак мекунад

Хабари хуб 11.11.2012 19:48

bonki_jahoniБа манзури пуштибонӣ аз буҷаи давлатии Тоҷикистон ва мусоидат ба раванди ислоҳоти бахши молиёт Бонки Ҷаҳонӣ ба кишвар ду кумаки билоивази молӣ ҷудо кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар чорчӯби Шарикии стротегӣ миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 Шӯрои мудирияи ин бонк барои пуштибонии молӣ аз буҷаи Тоҷикистон ба кишвари мо ба миқдори 20 миллион доллар кумаки билоивази молӣ ироъа кардааст.

Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, ин маблағ барои мубориза ба оқибатҳои буҳрони ҷаҳонии молӣ, таъмини амнияти ғизоӣ, афзоиши мизони содироти маводди сӯхт ва коҳиши мизони фақр масраф хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, ҳамчунин, Шӯрои мудирияи Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи кумаки ҷадиди мусоидат ба раванди ислоҳот дар бахши молиёт дар Тоҷикистонро тавсиб кардааст.

Дар назар аст, бар асоси ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ ба хотири беҳбуди кайфияти кори системаи ҷамъоварии молиёт, шаффофии ин систем ва коҳиши мизони иқтисоди соягӣ ба Тоҷикистон 18 миллион доллар тахсис диҳад.

Тибқи иттилоъи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, феълан ин бонк дар Тоҷикистон 14 тарҳро бо ҳазинаи умумии 236 миллион доллар иҷро мекунад.

Гуфта мешавад, 27 дарсади ин тарҳҳо ба бахшҳои кишоварзӣ ва рушди минтақаҳои деҳот ихтисос ёфта, тарҳҳои дигар марбут ба бахшҳои энергетикӣ, об, омӯзишу парвариш, беҳдошт, таъмини иҷтимоъӣ ва бахши хусусӣ будааст.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 1996 оғоз шуда ва дар ин муддат ин бонк ба Тоҷикистон ба миқдори 640 миллион доллар кумаки молӣ кардааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97