Наздикони зиндониён аз додситонӣ кумак мехоҳанд

Хабари хуб 10.11.2012 15:23

mahmurodrizoev304Иддае аз пайвандони зиндониёне, ки даъво доранд дар маҳбасҳо шиканҷа шудаанд, барои додхоҳӣ ба назди Додситонии кулли кишвар омаданд.

Дар миёни ин афрод, волидони бархе аз зиндониёни шумораи яки шаҳри Душанбе, ки дар мавриди марги як зиндонии ин маҳбас шоҳидӣ додаанд, низ ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи онҳо ин пайвандони онҳо баъд аз додани шоҳидӣ алайҳи нозирони зиндон, лату кӯб шуда ва афзун бар он ин афродро аз зиндони шаҳри Душанбе ба зиндоне дар шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.

Ин афрод, ки ҳудуди 30 нафар будаанд, субҳи рӯзи 7 ноябр, дар назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон мунтазири қабули масъулони ин ниҳод буданд.

Тавре, ки иддае аз афроди гирдиҳамомада гуфтанд, тақозои аслии онҳо аз масъулони додситонӣ, таҳқиқи фаъолияти идораи умури зиндонҳо ва ба вижа раҳбари он буда ва иддае низ тақозои муҷозот кардани раҳбари зиндони шумораи яки шаҳри Душанберо кардаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи падари яке аз ин зиндониён, фарзанди вай ахиран дар зиндон шадидан лату кӯб шуда ва ҳоло ниёз ба баъд аз додани шоҳидӣ дар мавриди шиканҷа шудан, аз сӯйи зиндонбонҳо лату кӯб шуда ва дар зиндон ниёз ба табобат доштааст.

Маҳмурод Ризоев, падари Суннатулло Ризоев, яке аз зиндониёнест, ки дар паврандаи ҷиноӣ дар робита ба марги Ҳамза Икромзода ба унвони шоҳид ширкат кардааст. М. Ризоев, муввафақ шуд, ки субҳи имрӯз бо яке аз доситонҳо дар мавриди вазъияти бади фарзандаш суҳбат кунад.

Вай афзуд: Шерхон Салимзода имрӯз дар сафари хидматӣ будааст. Маро Раҳматулло Холов қабул кард ва гуфта, ки ин корро таҳқиқ мекунем. Фарзанди манро дар маҳбасхонаи шумораи 23 шаҳри Хуҷанд фиристодаанд.

Маҳмурод Ризоев барои исботи суханони худ, ки фарзандаш шиканҷа шудааст, суҳбати телефонии сабтшударо ба хабарнигорон шунавондааст.

Ҳамчунин пайвандони Ҳамза Икромзода, сокини ноҳияи Ҳисор, ки беш аз як моҳи қабл дар зиндони шумори як фавтид дар миёни афроди таҷаммуъ карда буданд.

Падари Ҳамза мегӯяд, ки фарзандони сокинони дигар барои гуфтани ҳарфи ҳақиқат ба душворӣ рӯбарӯ шуда ва ӯ барои дифоъ аз ҳуқуқи ин зиндониён ба волидони онҳо пайвастааст.

Файзалӣ Икромов, мегӯяд: Ҳарчанд бозрасон таҳқиқоти парвандаи писарамро идома медиҳад, вале хабари лату кӯб шудани шоҳидон маро нигарон кардааст. Ман аз додситони кул дархост дорам, ки шоҳидонро, ки ба Хуҷанд бурданд, дубора ба Душанбе бозгардонанд.

Ф. Икромов ба ин бовар аст, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳомии мардуми кишвар аст, дар бораи он ҳодисот ва фаъолиятҳое, ки мақомоти ин муассисаҳо мегузарад, иттилоъ надорад.

Вай афзуд: Мо раиси ҷумҳурии хубе дорем, вале ба вай хабарҳои нодуруст мебаранд. Охир вай барои мо сулҳ овард, кишварро обод кард, агар ӯ аз ин кор бохабар шавад, ман бовар дорам, ки Эмомалӣ Раҳмон, масъулони зиндонҳоро аз кор мегирад...

Дар миёни афроди таҷҷамуъкарда ҳамчунин модарон ва ҳамсарони он иддае аз зиндониёне буданд, ки дар парвандаи ҷиноии дар робита ба Ҳамза Икромзода шоҳидӣ надодаанд, вале ин афрод низ аз шиканҷа шудани пайвандони зиндонии худ шикоят мекарданд.

Ба гуфти онҳо 6 ноябр, Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон бидуни огоҳӣ ва эъломе ба онҳо ҳудуди 60 нафарро аз зиндонҳои Душанбе ба зиндонҳои вилояти Суғд интиқол додаанд.

Ҳусния Яқубова, ҳамсари Илҳом Рустамов, ки ахиран ба шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтааст, мегӯяд, ки шавҳараш дирӯз аз тариқи телефон ба онҳо хабар додааст, ки ӯро шадидан лату кӯб карда ва ҳоло вазъи саломаташ хуб набудааст.

Ба гуфтаи ӯ, шавҳари вайро махсус ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд, то пайвандонаш натавонанд аз ҳоли ӯ бамаврид хабар гиранд: «Ҳамсарам бо моддаи 104, яъне куштор маҳкум шуда, вале дарвоқеъ вай гунаҳкор нест. Дар ҷараёни мурофеъаи додгоҳӣ гапи шоҳидони мо ба назар гирифта нашуд. Вай ки як бор дар маҳбас нишаста буд, барои ҳамин бори дувум низ ба осонӣ, бе таҳқиқоти ҷиддӣ ӯро барои 29 сол маҳкам карданд.

Вай мегӯяд, ки ба додситонӣ омадааст, то ки аз нозирони зиндоне, ки шавҳарашро он ҷо задаанд, шикоят кунад. Вале касе ба доди онҳо намерасад.

Момагул Холмуродова, модари Умед Холмуродов, яке аз зиндониёни дигаре, ки ба вилояти Суғд аз зиндони шумораи шаш интиқол ёфтааст, мегӯяд, ки яке аз писаронаш дар Русия фавт карда ва фарзанди бузургаш дар зиндон аст:  Ман шароити хабаргирии фарзандам дар шаҳри дурро надорам. Умед танҳо ноновари хона аст, агар бо вай ягон воқеъа шавад ман бо набераҳои худри бесапрапастам чи кор мекунам?

Ӯ низ бовар дорад, ки фарзандаш бегуноҳ ҳукм шуда ва мегӯяд, ки фарзандаш танҳо барои сафед кардани худ ба ниҳодҳои марбута нома ва ариза менавишт.

Шикоят аз шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки талошҳои мо барои гирифтани посух аз масъулони Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфт.

Ахиран дар Тоҷикистон бурдани шикоят ба масъулони зиддахл аз шиканҷа ва кушта шудани зиндониён дар маҳбасхонаҳо афзоиш ёфтааст.

Қаблан хешовандони зиндониён дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат аз шиканҷа ва кушта шудани пайвандонашон дар ин зиндон ба мақомот ва расонаҳо шикоят бурда буданд.

Бисёре аз вакилони дифоъ дар Тоҷикистон сабаби ҷой доштани шиканҷа дар муассисаҳои баста дар кишварро беҷазо мондани кормандоне медонанд, ки ба ҳангоми таҳқиқи парвандаҳо аз шиканҷа ва зӯр истифода мекунанд.

Ҳарчанд Тоҷикистон дар соли 1996 ба Конвонсиюни манъи шиканҷа пайваста, аммо протоколи ихтиёрӣ дар мавриди шиканҷаро то ҳол имзо накарда ва аз ин рӯ бисёре аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба зарурати ҳарчи зудтари имзои ин протокол аз сӯйи давлат таъкид мекунанд.

Би-би-сӣ

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97