Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ Қонуни асосии кишварро санади тақдирсозе хонда, ки "низоми давлатиро муайян ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад."
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми табрикии худ ба мардуми Тоҷикистон дар иртибот ба солгарди тасвиби Қонуни асосӣ аз тариқи ҳамапурсӣ тасвиб шудани ин санади таърихиро аз дастовардҳои муҳим ва бузург дар бахши қонунгузорӣ арзёбӣ кард, ки мавзуъи таҳияи он дар Иҷлоси 16-уми Шӯрои олӣ ё парлумони Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 матраҳ шуда буд.
Президент риояти муфоди ин санади муҳимро аз омилҳои рушду тавсеъаи Тоҷикистон хонда ва гуфтааст, ки маҳз нақзи Қонуни асосӣ дар солҳои 1991-1992 боиси бурузи буҳрони сиёсӣ ва фалаҷ шудани рукнҳои давлатӣ шуда ва дар ниҳоят, боиси оташ гирифтани ҷанги дохилӣ дар кишвар шуд.
Раиси ҷумҳурӣ гуфт: "Арзишҳои волои Қонуни асосӣ ба сиёсати инсондӯстонаю инсонпарваронаи мо ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавъаманд. Шаҳодати ин нукта озодии баён, озодии матбуъот, озодии виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст."
Зимнан, Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994 аз тариқи ҳамапурсӣ ё референдум тасвиб шуда ва дар он низоми давлати Тоҷикистон демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ё ғайримазҳабӣ ва иҷтимоъӣ эълом шудааст.
Дар солҳои 1999 ва 2003 ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид гардид, ки тибқи ин тағйирот дар Тоҷикистон парлумони бо ду маҷлис, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон таъсис шуда, ба фаъолияти аҳзоби маҳзабӣ дар ин кишвар иҷоза дода шуд ва муддати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 сол то 7 сол тамдид гардид.