Барак Обама дар Қасри сафед боз монд

Хабари хуб 08.11.2012 17:28

Barack-Obama-barack-obamaБарак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, бо пирӯзӣ дар баробари Мит Ромнӣ, рақиби худ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, чаҳор соли дигар дар мақоми худ боқӣ мемонад.

Мит Ромнӣ, рақиби ҷумҳурихоҳи Обама бо ӯ тамос гирифта ва шикасти худро дар интихобот пазируфта ва ӯро табрик гуфтааст.

Ромнӣ дар мақарри ситоди интихоботии худ аз ҳаводоронаш барои талошҳояшон ташаккур кард.

Обама дар Твитери худ зимни эъломи пирӯзӣ аз мардуми Амрико ташаккур кардааст. Ӯ гуфтааст, ки пирӯзии худро натиҷаи талошҳои ҳаводоронаш медонад.

Пирӯзии ӯ ба рағми норизоятиҳо аз вазъияти иқтисодии Амрико сурат гирифт. Дар Чикаго, мақарри ситоди интихоботии Обама, ҳаводорони раиси ҷумҳури Амрико табли шодмонӣ задаанд. Интихоботи ахир ҳамчунин яке аз пурҳазинатарин интихоботи Амрико ба шумор меравад.

Ҳамчунин демократҳо тавонистанд контроли худро бар Сено ҳифз кунанд. Маҷлиси намояндагон ҳамчунон дар контроли ҷумҳурихоҳон хоҳад буд. Демократҳо дар ҳоли ҳозир бо нисбати 47 ба 53 дарсад, аксарияти маҷлиси Сеноро дар даст доранд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97