Рӯзи 7 ноябр дар Алма-Ато ҷаласаи дувуми намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна дар масъалаи арзёбии тарҳи "Роғун" оғоз ба кор кард.
Дар ин нишаст, ки Бонки ҷаҳонӣ доир мекунад, натиҷаҳои аввалини арзёбии паёмадҳои иҷтимоиву зистмуҳитии бунёди ин ниругоҳи азим баҳс мешавад. Ин арзёбиро ширкати швейтсарии Poyry омода кардааст ва як хулосаи асосиаш ин аст, ки сохта шудани Роғун барои муҳити атроф он қадар пайомади манфӣ нахоҳад дошт. Ҷаласаи нахустини баҳси тарҳи ниругоҳи Роғун бо ширкати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва ҳайъатҳои кишварҳои ҳавзаи дарёи Омӯ, рӯзҳои 17-19 майи соли равон низ дар Алма-Ато доир шуда буд.
Давлати Тоҷикистон сохтани ниругоҳи Роғун бо сарбанди баландиаш 335 метрро танҳо василаи раҳоии кишвар аз вартаи буҳрони шадиди энергетикӣ ва аз байн бурдани лимити шадиди барқ, ки ҳар фасли сармо аз гиребони Тоҷикистон мегирад, медонад. Аммо кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон мухолифи сохта шудани Роғунанд ва мегӯянд, ин тарҳ заминҳои кишт дар кишварҳои поёнобро беоб хоҳад гузошт. Мояи дигари мухолифати Тошканд дар як минтақаи зилзилахез қарор доштани макони сохтмони ин нирӯгоҳ аст.
Аммо мақомоти Тоҷикистон ин даъвоҳои ҳамсоякишварро рад мекунад ва иддао дорад, ки бунёди Роғун ба нафъи тамоми минтақа аст. Чунин ба назар мерасад, ки далели аслии мухолифати Тошканд бо даст ёфтан ба барқи арзон фароҳам шудани имконоти бамаротиб бештари рушди иқтисодии Тоҷикистон ва ҳам имкони дасти дарозтар ёфтанаш ба танзими захираҳои оби Осиёи Марказист ва ғолибан ба дасти Душанбе омадани чунин фишанги муассири фишор, Тошкандро ин қадар нигарон кардааст.