Walt Disney ширкати Lucasfilm-ро ба даст овард

Хабари хуб 06.11.2012 11:24

DisneyМаъруфтарин сохтаи ширкати Lucasfilm филмномаи "Ҷанги ситораҳо" аст.

Ширкати Walt Disney хабар додааст, ки бо арзиши беш аз 4 миллиард доллар ширкати филмсозии Lucasfilm-ро ба даст меорад. Ин ширкат тавлидгари филмҳои маъруфи Ҷанги ситораҳо мебошад. Дар изҳороти мазкур ҳамчунин гуфта мешавад, ки бахши навбатии ҳафтуми филми Ҷанги ситораҳо соли 2015 ба бозор арза хоҳад шуд.

Ҷорҷ Лукас, муаллифи Ҷанги ситораҳо ва танҳо моликдори ширкати Lucasfilm гуфт,  фурсати он расидааст, ки масъулияти эҷоди қиссаҳои нави Ҷанги ситораҳо ба насли нав вогузор шавад. Нахустин бахше аз  ин филмнома ҳанӯз соли 1977 сохта шуд ва базудӣ маъруф ва ҷаҳонгир гардид.

Шаш бахши ин филм дар тамоми муддати баъд  4,5 миллиард доллар даромад овардааст. Тибқи созиши мазкур, ҳамчунин ширкати Walt Disney инчунин моликдори Lucasfilms Industrial Light & Magic production company ва ҳам филмномаи Indiana Jones мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97