"Гаравгони шӯроободӣ" се гаравгонгири афғонро кушт

Хабари хуб 05.11.2012 15:00

asironi_shМақомоти умури дохилӣ мегӯянд, як сокини Шӯрообод се гаравгонгири афғонро куштаву чанд нафари дигарро захмӣ кардааст.

Сокини мавзеи Давлатободи ноҳияи Шӯрообод рӯзи 28-уми октябри соли ҷорӣ барои раҳоӣ аз банди гаравгонгирони афғон се нафари онҳоро куштаву чанде дигарро захмӣ кардааст.

Як масъули Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод ба радиои "Озодӣ" гуфтааст, рӯзи якшанбе гуруҳи афғонҳо ба мавзеи Давлатободи ин ноҳия ворид шуда, як сокини онро ҳангоми себчинӣ ба гарав мегиранду ба тарафи Афғонистон ҳаракат мекунанд. Аммо сокини мавзеи Давлатобод ҳангоми убури пайроҳа бо истифода аз фурсат як автомати "Калашников"-и  гаравгонгирҳоро рабуда, ба тарафи онҳо тир мекушояд.

Дар натиҷа, ба гуфтаи масъули Шуъбаи корҳои дохилии Шӯрообод, се гаравгонгири афғон кушта ва чанд тани дигар захмӣ мешаванд.

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод хабар медиҳад, ки сокини деҳаи Давлатобод феълан дар боздоштгоҳи шуъба мавриди пурсиш қарор дорад ва ба хотири амнияти шахсии вай ному насабаш фош карда намешавад. Масъулони шуъба мегӯянд, дар ҳоли ҳозир сабабҳои аслии ин ҳодиса мавриди баррасӣ қарор дорад ва тафсилоташ рӯзҳои наздик ошкор хоҳад шуд.

Ба қавли мақомоти интизомии Тоҷикистон, вақте гуруҳҳои қочоқбари афғон ҳангоми муомила дар масъалаи фурӯши маводи мухаддир ноком мешаванд, дар иваз сокинони деҳоти ноҳияҳои марзии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакону ҷавононро ба гарав мегиранд.

Тайи як даҳсолаи охир борҳо мақомоти марзбонӣ ва интизомии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии Афғонистон тавонистаанд аз дасти гаравгонгирҳо, ки аслан гуруҳҳои қочоқбар ҳастанд, гаравгонҳои тоҷикро озод намоянд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97