Армуғони Путин: Имтиҳони таърих барои муҳоҷирон

Хабари хуб 04.11.2012 20:32

rusiy_roplumonМуҳоҷирон аз соли 2015 муваззаф хоҳанд шуд, ки натанҳо аз забони русӣ, балки аз фанҳои таърих ва қонунгузории Русия низ имтиҳон супоранд.

Намояндагони Думаи Русия ба порлумон тарҳи қонунеро пешниҳод карданд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русияро барои супоридани имтиҳони таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар муваззаф мекунад.

Рӯзи 26 октябр порлумони Русия қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он муҳоҷирони корӣ бояд имтиҳони забони русӣ бисупоранд. Ин қонун аз якуми декабри соли 2012 ба иҷро хоҳад даромад.

Тарҳи қонуни нав ҳамчунин дар назар дорад, муҳоҷирон озмун аз фанҳои таърих ва қонунгузории Русияро мувафаққона анҷом диҳанд.

Ин имтиҳонҳо барои дарёфти визаи кории яксола, ҳаққи истиқомат, ва ҳатто барои дарёфти иҷозаи кор ба муҳоҷироне, ки кишварҳояшон бо Русия муқаррароти виза надорад, лозим хоҳад буд.

Дар назар аст, қимати хадамот барои гирифтани ин имтиҳонҳоро, ки ҳудуди 160 доллар арзёбӣ шуда, худи хориҷиён пардохт кунанд.

Владимир Плигин ва Дмитрий Вяткин, муаллифони ин тарҳи қонун мегӯянд, ки теъдоди зиёде аз хориҷиён дар Русия "имкони созгорӣ бо шароити иҷтимоъӣ ва фарҳангии кишварро надоранд" ва ин амр боиси танишҳои иҷтимоъӣ шуда ва "ба сурати билқувва таҳдид ба суботи байнимиллӣ дар ҷомеъаро эҷод мекунад."

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97