Нақби "Шаҳристон" боз шуд, нархи IRS кам мешавад?

Хабари хуб 01.11.2012 16:14

IRSБо ифтитоҳи нақби "Шаҳристон" роҳкирои Душанбе-Хуҷанд ҳудуди 20 фоиз арзон шуда, ҳоло тақрибан 100 сомониро ташкил медиҳад.

Ронандагони хатсайри Душанбе-Хуҷанд мегӯянд, пас аз фаъол шудани нақби "Шаҳристон" нархи роҳкироро то ҳадди тавонашон кам кардаанд. Ба қавли онҳо, агар то замони ифтитоҳи нақб нархи роҳкиро аз 110 то 150 сомониро ташкил медод, ҳоло ба сад сомонӣ ва аз ин ҳам поён фаромадааст.

Саидмуҳаммад, як ронандаи хатсайри Душанбе-Хуҷанд, мегӯяд, қаблан аз ағбаи Шаҳристон дар зарфи якуним соат мегузашт, ҳоло барои убури ин роҳ ҳамагӣ 15 дақиқа сарф мешавад. ӯ мегӯяд, кӯтоҳ шудани роҳ яке аз омилҳои паст шудани нархи роҳкирост: "Пештар, то боз шудани туннел, 150 сомонӣ буд. Ҳоло ба 100 сомонӣ фаромадааст."

Мусофироне, ки аз нақби нави "Шаҳристон" гузаштаанд, низ ин гуфтаҳои ронандаро тасдиқ мекунанд. Толибшо Зуҳуров дар ноҳияи Конибодом кор мекунад ва зуд-зуд ба Душанбе меояд. Вай мегӯяд; "бале, ҳаққи роҳ 20-30 сомонӣ арзонтар шудааст". Агар нақби "Шаҳристон" боз намешуд, бо фарорасии фасли сармо ва роҳбандиҳо нархи таксиҳо ду баробар меафзуд. Акнун, ба бовари ӯ, ронандагони таксӣ барои боло бурдани нархи роҳкиро баҳона надоранд.

Аммо аксари ҳамсуҳбатони мо акнун ин мавзуъро матраҳ мекунанд, ки коҳиши масофа бояд ба камтар шудани пардохтҳои роҳи пулакӣ, ки онро IRS ҷамъоварӣ мекунад, низ сабаб гардад. Алишер Зарифӣ, хабарнигори тоҷик, бар ин аст, ки Вазорати нақлиёт ва Хадамоти зиддиинҳсорӣ (зиддимонополӣ) бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд: "Агар нархи роҳкирои тарозуҳои IRS, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд истодаанд, андаке коҳиш дода шавад, ба суди мардум хоҳад буд."

Аммо ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз, ки масъули ҷамъоварии пардохтҳои ягона роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аст, ҳанӯз дар ин масъала, ки бо боз шудани нақби Шаҳристон дар нархномаҳои худ чӣ тағйир ворид мекунад, хабаре нашр накардааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97