Латифи Пидром, вакили мардумӣ дар парлумони Афғонистон амнияту суботро аз муҳимтарин омил барои рушди як кишвар хонд ва ваъда супурд, ки дар каронаҳои рӯдхонаи Ому барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон дар баробари хатарот истод хоҳад шуд ва мубориза хоҳад кард.
Устод Пидром ин суханонро тайи як маросиме дар шаҳри Кӯлоб, ки ба ӯ шаҳодатномаи шаҳрванди ифтихорӣ тақдим шуд, баён дошт. Маҳфили мазкур рӯзи 27-ум октябр дар Театри ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва бо ҳузури мақомоти расмӣ, намояндагони фарҳангии кишварҳои Эрону Афғонистон, нависандагону рӯзноманигорон ва аҳли ҳунар баргузор шуд.
Латифи Пидром зимни сипос аз лутфи миллати Тоҷикистон гуфт, ба унвони як порсигӯ ва тоҷик фикр мекунад, ки ҳадя ва арҷгузории болотаре аз ин нест. Ӯ афзуд; "дар вазъияте, ки ҳолати кунунии кулли минтақа печида аст, додани шаҳрванди ифтихорӣ ба ҳар касе аз кишвари дигар, кори содда нест. Шакке нест, хуни як қавм дар шарёни мо ҷорист ва мо мутааллиқ ба ин фарҳанг ва ин сарзамин ҳастем. Аммо боз ҳам кор душвор аст. Ман эҳсос мекунам, ки чӣ бори азим ва сангин аз масъулият ба ӯҳдаи ман аст. Ман ба унвони як шаҳрванди ифтихорӣ худро мукаллаф медонам, ки вазоифи худро анҷом диҳам. Барои ҳамин, бо ҳамон нияте, ки мехоҳам дар Афғонистон барои ин қавм меҳнат бикунам ва заҳмат бикашам, табиатан дар инҷо ҳам ҳамон масъулиятро хоҳам дошт."
Латифи Пидром, раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ ва намояндаи мардуми Бадахшон дар порлумони Афғонистон ва аз аъзои фаъоли раёсати ҷамъияти "Пайванд" буда, "шаҳрванди ифтихорӣ"-ро касб кардани вай низ барои талошҳояш дар густариши равобити миёни ҳамзабонон ва форсигӯён аст. Шаҳрдории Кӯлоб ҳанӯз дар ҷараёни таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ эълон карда буд, ки Латифи Пидром шаҳрванди ифтихории Кӯлоб шуд.
Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб, бо истиқболи гарм аз меҳмонони ин маҳфил гуфт, равобити танготанги кишварҳои форсизабон метавонад ба рушди кишварҳои минтақа, махсусан Тоҷикистон, ки стратегияҳои мушаххасро пайгирӣ менамояд, мусоидат кунад. Шаҳрдори Кӯлоб дар ин росто ишора ба нишастҳои сарони кишварҳои форсигӯи Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон кард, ки ба гуфтаи ӯ, барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гомҳои устувор гузоштаанд. Ҷаноби Раҳмонов аз ҷумла ба бунёди панҷ пул бар фарози дарёи Панҷ ишора карда афзуд, ки чунин пулҳо дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Фархор низ бунёд хоҳанд шуд.
Шаҳрдори Кӯлоб равобити фарҳангиро дар амри наздикшавии ҳамзабонон муҳим хонд ва илова кард: "Дар баробари ин, густаришдиҳандаи тамоми робитаҳо, ин робитаи фарҳангист. Ҳар қадаре, ки аҳли фарҳанг ба ҳам наздик шаванд, байни мардум бошанд, ҳамон қадар маданияти мардум ва давлат омили ҳамоҳангсоз ва ба ҳам наздик шудани ҳамзабонон мегардад."
Қосимшоҳ Искандаров, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон зимни сипос аз иқдоми шаҳрдории Кӯлоб, онро дар вазъи мураккабе, ки минтақа дорад, як иқдоми ҷасурона хонд. Ӯ шахсияти Пидромро истисноӣ тавсиф кард, ки дар саҳнаи сиёсии Афғонистон воқеиятҳоро ҳамон тавре, ки ҳаст, баён мекунад.
Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон изҳори умедворӣ кард, ки дар пайравӣ аз ин иқдоми шаҳрдории Кӯлоб, масъулони шаҳрҳои дигари кишвар ба ҳамзабонони бурунмарзӣ унвони шаҳрванди ифтихориро тақдим хоҳанд кард ва дар таҳкими робита миёни форсигӯён саҳм хоҳанд гузошт.
Дуктур Хушқадам, устоди Донишгоҳи Бағлон, ки дар ин маҳфил суханронӣ дошт, изҳори умедворӣ кард, ки касоне дар Афғонистон ҳастанд ва ин хабари хушро мешунаванд, аз рӯи виҷдон ва мунсифона қазоват бикунанд, на аз рӯи таассуб.