Бонки миллӣ "корти миллӣ" роҳандозӣ мекунад

Хабари хуб 29.10.2012 15:16

bonki_milliБонки миллии Тоҷикистон мехоҳад кортҳои пластики навъи "корти миллӣ"-ро барои мардум дастрас намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба таври расмӣ ба бонкҳои хусусӣ муроҷиат кардааст, ки аз барои муштариёни худ аз "корти миллӣ" истифода кунанд ва ин навъи корти плостикӣ дар дохили кишвар маъмулӣ шавад. Дар ибтидои соли равон барои нахустин бор ба мақсади кам кардани мизони муомилоти пули нақдӣ ва ба хотири рушди фановариҳои пардохти маблағ бо шароити муосир дар Тоҷикистон, Маркази протсессингии Бонки миллӣ низоми пардохти миллии КОРТИ  МИЛЛӢ -ро ба муомила баровард. Вале ба иттиллои Дафтари матбуотии Бонки миллӣ, ҳанӯз аз тарафи бонкҳои хусусӣ посухе дарёфт нашудааст. Аммо гуфта мешавад, ки бонкҳои хусусӣ онро ба суди кори худ ва муштариён намебинанд.

Вале Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, ин мушкил дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд, аммо бартарии "корти миллӣ" дар дохили кишвар ин аст, ки он дар қаламрави Тоҷикистон истеҳсол мешавад ва маблағи он дар дохил мечархад. Ба сурати умум, Бонки миллӣ иттилоъ медиҳад, ки шумори дорандагони корти пластикӣ дар Тоҷикистон афзуда, ҳудуди ним миллион нафарро ташкил медиҳад.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97