Ба Русия бо шиносномаи хориҷӣ биравед

Хабари хуб 24.10.2012 18:26

romanovskiy, сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, гуфтааст,  вуруди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба Русия бояд тавассути шиносномаи хориҷӣ сурат бигирад.

Бар пояи иттилои хабаргузориҳои русӣ, ин пешниҳод нахуст аз тарафи Виктор Иванов, раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия ироа шуда, аз тарафи роҳбарияти Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар пуштибонӣ ёфтааст.

Аммо масъулини Хадамоти федералии муҳоҷират ва ниҳоди мубориза бо маводи мухаддири Русия таъкид кардаанд, ки ҷорӣ кардани низоми раводид ё виза барои кишварҳои Шӯравии собиқ "мақсаднок" нахоҳад буд.

Ҳамчунин Лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳатмӣ донистани забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ» парлумони ФР мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Сергей Наришкин, раиси парлумони Русия гуфтааст, қонуни мазкур муҳоҷирони кориро вазифадор мекунад зимни гирифтани иҷозатномаи кор асноди тасдиқкунандаро дар мавриди донистани забони русӣ пешниҳод намоянд. Дар назар аст, ки лоиҳаи ин қонун аз 1-уми декабри соли равон мавриди амал қарор бигирад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97