Русия сарбозони гумшудаашро дар Афғонистон меҷӯяд

Хабари хуб 22.10.2012 14:46

Andrey_avetisyanРусия аз мақомоти Афғонистон дархост кардааст, то дар мавриди беш аз 200 сарбози рус, ки дар ҷараёни ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон дар солҳои 1980 дар ин кишвар нопадид шуданд, иттилоъ бидиҳанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, аз замони хуруҷи нируҳои Шӯравии собиқ аз Афғонистон дар соли 1989 то ҳол аз сарнавишти ин сарбозон ҳеч иттилоъе дар даст надоранд.

Андрей Аветисян, сафири Русия дар Афғонистон рӯзи 15 октябр гуфт, ки ду кишвар дар ҳоли таҳияи тавофуқномае ҳастанд, ки талошҳо барои ёфтани ин сарбозонро танзим хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ба далели чолишҳои амниятӣ дастрасӣ ба маҳаллоте, ки гумон меравад шуморе аз ин сарбозон дар он ҷо дафн шуда бошанд, мушкил аст.

Як ниҳоди дифоъ аз куҳнасарбозон дар Русия мегӯяд, ки аз сарнавишти 245 сарбози Артиши Сурх, ки бештар аз се даҳа пеш ба Афғонистон рафта буданд, ҳеч иттилоъе дар даст нест.

Гумон меравад, ки 30 то 40 тан аз ин сарбозон ҳанӯз зинда бошанд ва шуморашон ҳанӯз дар Афғонистон ва Покистон зиндагӣ кунанд.

Дар фосилаи солҳои 1979 то 1989 Артиши Шӯравӣ наздик ба 15 ҳазор сарбози худро дар ҷанги Афғонистон аз даст дод. Ҳудуди 115 ҳазор сарбози Артиши Сурх барои як даҳа дар Афғонистон мустақар буданд ва билохира дар соли 1989 ин кишварро тарк карданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97