Дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баргузор шуд.
Дар кори ин ҷаласа намояндагони даҳ кишвар, аз ҷумлаи аъзои ин созмон ширкат мекунанд. Бар асоси иттилоъи сайти расмии раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон раисони ҷумҳурии панҷ кишвари узви ин созмон ширкат доранд.
Нахуствазири Туркия ба намояндагӣ аз кишвараш дар ҳамоиш ширкат дошта ва аз Узбакистон дар ин нишаст раиси парлумони он кишвар ширкат мекунад. Ҳамчунин вазири иртиботот ва роҳу таробарии Қазоқистон ва вазири тиҷорат ва саноъеи Урдун низ дар ҳамоиш ҳузур доранд.
Дар ҳамин ҳол ба навиштаи сайти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон сарони кишварҳо дар ин ҳамоиш рушди ҳамкорӣ дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу таробарӣ ва энержӣ, масоили кишоварзӣ ва муҳитзистӣ, маориф ва илму фанноварӣ ва тандурустӣ ва фарҳангро баррасӣ кардаанд.
Бино ба навиштаи сайти мазкур Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст аз тарҳҳои минтақавӣ доир ба сохтори нақлиётӣ ва энергетика, истифодаи захираҳои обию барқӣ, бунёди минтақаҳои тиҷорати озод, эҷоди шароити мусоъид барои рафтуомади озод ва интиқоли бемамониати молу нақлиёт дар қаламрваи ин кишварҳо ёдовар шуда, изҳор доштааст, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва кишварҳои аъзои он бояд дар татбиқи босамари онҳо (ин тарҳо) фаъолу ташаббускор бошанд.
Аз ҷумла Президент Раҳмон бо таъкид ба бархе аз ин тарҳҳо гуфтааст, ки Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ) ва кишварҳои узви он метавонанд ибтикор барои роҳандозии ин барномаҳо, аз ҷумла бунёди роҳи қатор аз Чин-Қиргизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Ирон, тарҳи КАСА-1000 ва сохтмони лӯлаи интиқоли газро ба дасти худ бигиранд.
Президент дар охири суханронӣ ваъда кардааст, ки Тоҷикистон ба ин созмон содиқ буда ва омодааст, ки сатҳи ширкати худ дар чаҳорчӯби фаъолиятҳои СҲИ-ро беҳтар кунад.
Аз сӯйи дигар, Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои узви СҲИ даъват кардааст, ки дар чаҳор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, ки дар ин ҷо барои сармоягузорони хориҷию ватанӣ шароити мусоъиди ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ фароҳам шудааст.
Президенти кишвар бо ёдоварӣ аз пешниҳодоти дигари ҷаласаи гузаштаи ин созмон гуфтааст, ки сарони кишварҳо он замон ба мувофиқа омада буданд, ки созмон ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дошта ва бад ин манзур гуруҳеро барои ошкор кардани мушкилоти мавҷуда дар фаъъолияти созмон таъсис доданд.
Вале Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ар ин ҷаласаи созмон афзудааст: Фикр мекунам, ки тайи ду соли гузашта гурӯҳи номбурда тавонист вазъи воқеиро дар созмон дар сатҳи зарурӣ арзёбӣ намояд, захираҳои ноаёнро ошкор созад ва тавсияҳое таҳия намояд, ки чӣ тавр ЭКО-ро (СҲИ) ҷавобгӯйи тақозои замон ва аз ҳама муҳим, қобили татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо оид ба густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, бунёди инфрасохтор (зербано), таъмини рушди устувор ва пешрафти иқтисодии кишварҳои аъзо ва умуман минтақа гардонад.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи ин ҳамоиш Президент Раҳмон, рӯзи якшанбеи 14 октябр, нахуст дар шаҳри Габалаи Озарбойҷон аз корхонаи коркарди меваю сабзиҷоти Jale ва осорхонаи Ҳайдар Алиев, раиси ҷумҳурии фақиди ин кишвар ва падари Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дидан кардааст.
Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар соли 1985 ба ибтикори Ирон, Покистону Туркия ва ба манзури тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ миёни ин кишварҳо таъсис шуда буд. Дар даҳаи 1990 Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба ин созмон пайвастанд.