Бо дархости зиёди муштариён ширкати «Вавилон-Мобайл» ба муштариёни худ имконият фароҳам овард, ки аз навъи сабукшуда дар шабакаҳои иҷтимоии «ВКонтакте» (http://0.vk.com) ва «Facebook» (http://0.facebook.com ) ба таври ройгон истифода баранд.
Минбаъд муштаёни ширкат метавонанд бо ворид шудан ба сомонаҳои http://0.facebook.com ва ё http://0.vk.com асосан аз хизматрасониҳои матнии шабакаҳои иҷтимоии «ВКонтакте» ва «Facebook» бе мҳдудият вав бе пардохти маблағи иловагӣ ба таври ройгон истифода баранд.
Эзоҳ:
• Навъи матнӣ дар худ танҳо маълумоти матниро доро буда, дастрасиро ба хизматрасониҳои бисёрмуҳита (акс, видео ва аудио) иҷозат намедиҳад. Ҳангоми тамошои пурра дар «ВКонтакте» ва «Facebook» ва инчунин файлҳои бисёрмуҳита пардохт барои трафик мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо гирифта мешавад.
• Навъи матнии хизматрасонӣ барои браузери Opera Mini дастнорас аст. Ҳангоми истифода аз Opera Mini пардохти трафик мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад.
- Ҳангомоми гузаштан ба бахши тасвирӣ, видеоӣ ва аудиоӣ маълумоти зерин пайдо мешавад: «Саҳифае, ки Шумо ба он ворид мешавед метавонад дорои мундариҷае бошад, ки ҳамчун истифодаи интернети мобилӣ нархгузорӣ карда мешавад!»
• Навъи матнии хизматрасонӣ барои муштариёне, ки дар хориҷа дар роуминги байналхалқӣ қарор доранд, дастнорас аст.
Навъи матнӣ дар шабакаҳои иҷтимоии «ВКонтакте» http://0.vk.com ва «Facebook» (http://0.facebook.com) Навъи матнӣ дар худ танҳо маълумоти матниро доро буда, дастрасиро ба хизматрасониҳои бисёрмуҳита (акс, видео ва аудио) иҷозат намедиҳад. Ҳангоми тамошои пурра дар «ВКонтакте» ва «Facebook» ва инчунин файлҳои бисёрмуҳита пардохт барои трафик мутобиқи нақшаи тарофавии муштарӣ гирифта мешавад.
Навъи матнии хизматрасонӣ барои браузери Opera Mini дастнорас буда, ҳангоми истифода аз Opera Mini пардохти трафик мутобиқи нақшаи тарофавӣ ҳисоб карда мешавад.
- Ҳангомоми гузаштан ба бахши тасвирӣ, видеоӣ ва аудиоӣ маълумоти зерин пайдо мешавад: «Саҳифае, ки Шумо ба он ворид мешавед метавонад дорои мундариҷае бошад, ки ҳамчун истифодаи интернети мобилӣ нархгузорӣ карда мешавад!»
Инчунин бояд ба назар гирифт, ки навъи матнӣ танҳо барои браузери муқаррарии телефони мобилӣ ё смартфон дастрас буда, барои муштариёне, ки дар хориҷа дар роуминги байналхалқӣ қарор доранд, дастнорас аст.
Навъи матнии хизматрасонӣ инчунин имконият медиҳад, ки хабарҳои нав хонда шуда, ба онҳо шарҳ вокуниш нишон дода шавад, рафиқони нав ҷустуҷу ва илова карда шаванд, ва дар баробари ин профили худ назорат карда шавад.
Пахши SMS-огоҳинома дар «ВКонтакте»!
Боз як хусусияти аз ҳама хоси ин хизматрасонӣ дар он аст, ки ба воситаи SMS-огоҳинома хабарҳои нав хонда шаванд ва ба воситаи SMS-хабар ҳодисаҳо шарҳ дода шаванд. Ҳатто агар муштарӣ дар оффлайн қарор дошта бошад ҳам ба SMS-огоҳинома намемонад. SMS-огоҳиномаи «Вконтакте» ва «Facebook» ба телефони муштарӣ ба воситаи рақамҳои кӯтоҳи 5605 ва 5606 ворид мешаванд. Хабарҳои даромад аз 5605 ва 5606 ройгон аст. Арзиши интиқоли SMS-хабар ба муштариён ба воситаи 5605 ва 5606 мутобиқи нақшаи тарофавии муштарӣ ба арзиши SMS-хабари муқаррарӣ дар дохили шабакаи «Вавилон-Мобайл» баробар аст.
Бо Вавилон Мобайл бошед ва аз хизматарсониҳои ройгони он дар шабакаҳои «Вконтакте» ва «Facebook» ба таври васеъ истифода бурда, сари вақт аз хабарҳои ҷолиб огоҳ шавед.