Рушди энержии Тоҷикистон ба нафъи Осиёст

Хабари хуб 17.10.2012 19:35

segonaЭмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкили энержии Осиё, ки ҳар чаҳорумин сокини он аз барқ маҳрум аст, истифодаи захираҳои Тоҷикистонро зарурӣ хонд.

Дар ҳошияи Ҳамоиши дидори сарони кишварҳои узви Муҳовараи Ҳамкориҳои Осиё (Asia Cooperation Dialogue) дар Кувайт раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни иронию афғони худ дидор кардааст. Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Ирон зимни мулоқоти сеҷониба, бунёди ҳарчи зудтари роҳҳои оҳану мошингард, ниругоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нируи барқ, нафту газ ва обрасонӣ миёни се давлатро таъкид кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин зимни ҳамоиши мазкур пешниҳод кард, ки энергетика бояд яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои созмон гардад, зеро дар қораи Осиё ба гуфтаи президенти Тоҷикистон, тақрибан як миллиард аҳолӣ, яъне ҳар чаҳорумин сокин ба нируи барқ дастрасӣ надорад.

Эмомалӣ Раҳмон рушди гидроэнержиро дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад арзёбӣ кардааст: «Захираҳои бои обӣ ба мо имкони нодиреро барои рушди бахши гидроэнергетика фароҳам месозанд. Дар ин маврид Тоҷикистон метавонад бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ низ ҳамкории судманди муассиреро ба роҳ монад. Роҳандозии захираҳои обию барқии минтақаи Осиёи Марказӣ на фақат аҳолии онро ба нируи барқ дастёб менамояд, балки қонеъ сохтани талаботи сокинони дигар минтақаҳои ҳамҷавори Осиёро ба истифодаи нируи барқи арзон, таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза имконпазир мегардонад».

Эмомалӣ Раҳмон обанборҳои бузург, ки дар шароити куҳистон барои таъмини кори мунтазами ниругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон сохта мешаванд, барои тамоми минтақа муҳим хонд. Ҳамчунин президент ба ҳайси Раиси ояндаи Муҳовараи Ҳамкориҳои Осиё пешниҳод кард, ҷаласаи навбатии Ҳамоиши (Форуми) энержии кишварҳои ширкаткунанда баҳри  густариши ҳамкориҳо дар ин соҳа, дар шаҳри Душанбе доир шавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97