«Барқи тоҷик» эълом кардааст, ки дар деҳоти кишвар лимити нируи барқ ҷорӣ шудааст.
Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси "Барқи тоҷик", рӯзи душанбе, 8-уми октябр ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар деҳоти кишвар маҳдудияти интиқоли нируи барқ ҷорӣ гардид. Ӯ афзудааст, ҳамакнун дар манотиқи кишвар аз соати 11-и шаб то 5-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад.
Ширкати «Барқи тоҷик» далели ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ дар деҳоти кишварро, дар паст шудани сатҳи дарёи Вахш медонад.
Муовини сармуҳандиси "Барқи тоҷик" таъкид кардааст, ки лимити нируи барқ танҳо ба деҳаҳои кишвар дахл дошта, маркази шаҳру навоҳии кишвар аз ин маҳдудият эминанд.
Мардум ба лимити барқ дар фаслҳои сард дар Тоҷикистон одат кардааст, аммо он чӣ ки мардумро нигарон мекунад, он аст, ки дар бораи ҷорӣ шудани лимит ва дар кадом соат қатъ шудани барқ ба онҳо иттилое дода намешавад.
Агарчӣ аз чанд сол ба ин сӯ аксари сокинони Тоҷикистон, ки дар деҳот ба сар мебаранд, аз барқи доимӣ дар фасли сармо маҳрум ҳастанд, ҳеч мақому масъуле ҳозир нест, аз то кай идома ёфтани ин вазъ мардумро дар ҷараён бигузорад. Ва ё ҳадди ақал барои пеш омадани ҳамчунин вазъияти номуносиб аз мардуми кишвар узрхоҳӣ бикунад.
Узрхоҳӣ чӣ, ки ҳадди ақал мақомот ба таври расмӣ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ дар робита ба оғози марҳилаи аввали маҳдудияти барқ дар деҳоти кишвар мардумро огоҳ бисозанд, мардум ба ҳамин ҳам шукр хоҳанд гуфт.
Тоҷикистон дар фасли сармо ба 3 миллиард киловат нируи барқ ниёз дорад ва маълум нест, ки имсол низ бо сахтӣ ва ба умеди Худо зимистонро пушти сар хоҳем кард, ё масъулони бахши энергетикии кишвар дар пайи андешидани тадбире дар рафъи буҳрон ҳастанд.
Ин суолро боз мегузорем, то худи масъулон ба он посух бигӯянд: «Оё поёни ин шаби сиёҳ сафед ҳаст», агар ҳаст, кай?!