Даҳҳо кӯчарӯбе, ки рӯзи 9 октябр дар Санкт Петербург корпартоӣ карданд, бо ширкати кордиҳанда ба созиш расиданд.
Беш аз 40 кӯчарӯб аз Тоҷикистону Узбакистон, ки бо талаби пардохти маоши думоҳаи худ дар Санкт-Петербург корпартоӣ карданд, бо ширкати дувуми Жилкомсервис ба созиш расидаанд.
Масъули ширкат ба назди эътирозгарон омада, дар муддати ду рӯзи оянда пардохт кардани тамоми маоши кӯчарӯбҳоро ваъда додааст.
Кӯчарӯбҳо моҳона аз 10 то 11 000 рубл маош мегирифтаанд, вале дар моҳҳои охир маоши онҳо то ҳадди 9000 рубл кам шуд ва онро ҳам ду моҳ боз пардохт накардаанд.
Муътаризон бар онанд, ки эътирози онҳо нишон дод, ки ҷалби муҳоҷирони корӣ ба созмонҳое, чун иттифоқҳои касаба, метавонад ба таъмини хубтари ҳаққи муҳоҷирон мусоидат кунад. Кӯчарӯбҳои тоҷику узбак дар Петербург ахиран узви созмони Новие профсоюзи шуданд ва корпартоии онҳо бо талаби маош бо ибтикори ҳамин созмон сурат гирифт.
Муовини раиси ин созмон Петр Принев ба хабаргузориҳо гуфтааст, талаби коршиканҳо комилан қонунист ва созмони ӯ барои барқарор шудани адолат тамоми талошро хоҳад кард.
Сергей Козирев, ноиб- губернатори Санкт-Петербург гуфтааст, ҳоло дар ин шаҳр наздик ба 8000 кӯчарӯб кор мекунад ва дар назар аст, боз 2500 нафарри дигар ҷалб шавад, то шаҳр тавонад, ба зимистон омодагии дуруст дида бошад. Вай ба аъзои маҷлиси шаҳрӣ гуфтааст, ки бе нируи муҳоҷирон нахоҳад тавонист, ин теъдод аз кормандонро ба нигаҳдории тозагӣ дар кӯча ва ҳавлиҳои шаҳр ҷалб кунад.
Ин барои аввалин бор аст, ки кордиҳанда аз пардохти музди кори и н кӯ чарӯбҳо саркашӣ кардааст, вале ба хотири доштани пуштибон ҳамаи корпартоён ба Иттифоқҳои нави касаба аъзо шудаанд ва дилпуранд, ки аз ин ба баъд касе наметавонад, ҳуқуқи онҳоро поймол кунад.